ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
54
Муҳтарам кормандони соҳаи аэронавигатсия.
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо ифтихор ва эҳтироми хоса ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои муҳим ва сарнавиштсози миллат ба ҳисоб меравад, табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва пешрафти касбиро таманно дорам.
Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ оғози марҳалаи нави давлатдории миллии тоҷикон буда, пойдевори низоми ҳуқуқӣ ва кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Маҳз Конститутсия ба мо имконият фароҳам овард, ки дар фазои сулҳу субот ва амният соҳаи авиатсияи граждании кишварро рушд бахшида, ба пешрафтҳои назаррас ноил гардем. Имрӯз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо такя ба ин меъёри ҳуқуқӣ фаъолияти самарабахши худро ба роҳ монда, дар таъмини бехатарии парвозҳо, ҳифзи фазои ҳавоии кишвар ва сатҳи баланди хизматрасонӣ саҳми арзанда мегузорад.
Боварии комил дорам, ки бо эҳтиром ба меъёрҳои Конститутсия ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ минбаъд низ дар роҳи рушди соҳа ва хизмат ба Ватан содиқона заҳмат хоҳем кашид.
Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром, Лоиқ Бегиҷонзода директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































