ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАВИГАТСИЯ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Рӯзҳои 28-29 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи техникии намояндагӣ миёни мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва ҳайати Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоии минтақаи Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, такмили шабакаҳои мавҷудаи хатсайрҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ барои кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои омӯзишии авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи навигатсияи ҳавоӣро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои беҳтар кардани масирҳои мавҷудаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки ба баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии парвозҳо дар минтақа мусоидат мекунанд, дода шуд. Иштирокчиён инчунин дар бораи дурнамои рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мубодилаи афкор намуданд.
Яке аз нуқтаҳои асосии мулоқот муҳокимаи ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони аэронавигатсияи тоҷик дар марказҳои омӯзишии авиатсионӣ дар Чин буд. Ин самти ҳамкорӣ ба мутахассисони тоҷик имконият медиҳад, ки бо беҳтарин таҷрибаҳо ва технологияҳои навтарине, ки дар аэронавигатсияи Чин истифода мешаванд, ошно шаванд. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ба омӯзиши босифати мутахассисони тоҷик ва дар натиҷа, ба таъмини бештари бехатарии парвозҳо дар кишвар ва минтақа мусоидат хоҳад кард.
Пас аз мулоқот, ҷонибҳо манфиатдории мутақобиларо ҷиҳати таҳким ва рушди шарикии худ изҳор намуданд. Интизор меравад, ки татбиқи созишномаҳои бадастомада на танҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори аэронавигатсионии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки мақоми кишварро дар низоми байналмилалии аэронавигатсия низ таҳким мебахшад.
Мулоқот дар фазои созанда ва корӣ баргузор гардид, ки нишон дод, ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки аэронавигатсионӣ як қадами муҳими дигар дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Чин хоҳад буд. Дурнамои ҳамкорӣ ба тақвияти шарикии байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи навигатсия, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори навигатсионӣ ва мубодилаи таҷриба ва технологияҳо байни мутахассисони ҳар ду кишвар равона гардидааст. Зикр намудан ба маврид аст, ки вохӯрии мазкур марҳилаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти навигатсияи ҳавоӣ гардид.
Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо ҳамеша ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахши авиатсияи гражданӣ ва аэронавигатсия, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Татбиқи созишномаҳои бадастомада на танҳо ба таҳкими инфрасохтори аэронавигатсионии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки мақоми кишварро дар низоми байналмилалии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ боз ҳам боло хоҳад бурд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































