Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

GWA - ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР САМТИ ПАРВОЗҲОИ ЭКОЛОГӢ

GWA - ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР САМТИ ПАРВОЗҲОИ ЭКОЛОГӢ
19

Чоп кардан

Олимони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо дастгирии NASA ва Бунёди Миллии Илмии ИМА як системаи навро таҳия намудаанд, ки GWA (Global Warming Potential per Activity) ном дорад. Ин система бо дарназардошти партовҳои CO₂ ва нишонаҳои конденсатсионӣ имконият медиҳад, ки самтҳои парвози аз ҷиҳати экологӣ тозатар интихоб шаванд ва таъсири манфии авиатсия ба иқлим коҳиш ёбад.

Авиатсия яке аз манбаъҳои асосии партовҳои гармхонаҳо боқӣ мемонад. Ба гармшавии глобалӣ на танҳо партовҳои CO₂, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд, балки инчунин роҳҳои конденсатсионӣ (хатҳои сафеде, ки баъди парвоз дар осмон боқӣ мемонанд) таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Ин роҳҳо баъдан ба абрҳо табдил ёфта, гармиро дар атмосфера нигоҳ медоранд.

Пештар кӯшишҳои коҳиш додани танҳо як омил (масалан, партовҳои CO₂) метавонад таъсири манфии омилҳои дигарро афзоиш диҳад. Аз ин рӯ, системае чун GWA ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки таъсири умумии ҳар як парвозро ба иқлим дақиқ арзёбӣ намоянд ва бо дарназардошти ҳамаи омилҳо хатсайрҳои оптималӣ ва камтаъсирро интихоб кунанд.

Методологияи нави GWA аз усулҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки на танҳо партовҳои мустақими CO₂, балки таъсири ғайримустақими парвозро низ ба назар мегирад. Дар асоси маълумоти таҳлилнамудаи ин система, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд масирҳои аз ҷиҳати экологӣ тозатарро интихоб карда, таъсири манфии худро ба иқлим коҳиш диҳанд.

Системаи мазкур танҳо ба соҳаи авиатсия маҳдуд намешавад, балки метавонад дар соҳаҳои дигар — нақлиёти баҳрӣ ва заминӣ низ ҳамчун воситаи муҳими арзёбии таъсири муҳити зистӣ истифода гардад. Бо вуҷуди ин, як нуқтаи заиф дорад: интихоби масирҳои “сабз” метавонад боиси афзоиши истеъмоли сӯзишворӣ ва, дар натиҷа, зиёдшавии хароҷоти ширкатҳо гардад.

Ояндаи системаи GWA аз он вобаста аст, ки то куҷо ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд миёни устувории муҳити зист ва манфиатҳои иқтисодӣ тавозун барқарор намоянд. Аммо аллакай имрӯз ин технология заминаро барои муносибати масъулиятнок ва илмӣ асоснок дар самти идоракунии партовҳои нақлиётӣ мекушояд.

Эҳтимол меравад, ки дар ояндаи наздик ҳангоми тарҳрезии хатсайрҳои парвоз на танҳо вақт ва роҳат, балки нигарониҳои иқлимӣ низ ба назар гирифта шаванд.