НАМОЯНДАГОНИ ЧИН ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
Бо мақсади ширкат дар 7-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATMB)-ии минтақаи Шинҷони Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф оварданд. Дар доираи сафари худ меҳмонон бо фаъолияти мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар манораи муназзимӣ ва дигар утоқҳои корӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар оғози вохӯрии CNS/ATM-и Тоҷикистон ва Чин муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода ҳозиринро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории шарикии стратегӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳамкориҳои судманд дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия рушд менамояд. Изҳор гардид, ки дар доираи талошҳои сарони ду кишвар долони нави “ПОМИР-АГВУТ” ифтитоҳ ва иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
7-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин кори худро то 29 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе идома дода, дар фарҷом имзо расидани Ёддошти ҳамкорӣ пешбинӣ мегардад.
Бо мақсади мусоидат ба ҳадафи Ҳукумати кишвар оид ба сайёҳӣ ва тарғиби фарҳанги тоҷикӣ, ба ин васила афзоиш додани шумораи сайёҳон КВД “Тоҷикаэронавигатсия” меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фарҳанги меъмории тоҷикон аз наздик шинос гардиданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































