ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Роҳбарияти ширкати “Somon Air” бо намояндагони ширкати “Aviation Capital Group” (ИМА) – яке аз бузургтарин иҷорадиҳандагони ҳавопаймоҳои тиҷоратии ҷаҳон музокирот баргузор намуд. Дар рафти музокирот лоиҳаҳои дурнамо оид ба зиёд намудани ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” аз ҳисоби ҳавопаймоҳои замонавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндаи ACG фаъолияти ширкати ҳавопаймоиро баланд арзёбӣ намуда, ба обрӯю эътимод ва рушди устувори он ишора намуд.
***
Вазири нақлиёти ИМА Шон Даффи эълон намуд, ки оғоз аз рӯзи сешанбе танзимгарони ҳаракати ҳавоии ИМА бори аввал бинобар қатъ шудани парвозҳо бе музд хоҳанд монд. Иттилоъ дода мешавад, ки дар натиҷаи норасоии мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ боиси таъхир ва бекор шудани тақрибан 5300 парвоз дар фурудгоҳҳои ИМА гардид.
***
Пас аз танаффуси беш аз панҷ сол парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барқарор гардид. 26 октябри соли 2025, аввалин парвози ширкати “IndiGo” аз Калкутта ба Гуанчжоу парвоз намуд. Дар ҳамин ҳол, ширкати “China Eastern Airlines” 9 ноябри соли ҷорӣ, парвозҳоро дар масири Шанхай-Деҳлӣ барқарор менамояд, ки парвозҳо дар ин масир дар як ҳафта се маротиба амалӣ мегарданд.
***
Парвозҳо миёни Федератсияи Россия ва Филиппин барқарор гардиданд. 25 октябри соли равон, ширкати “ИрАэро” аввалин парвозро аз Иркутск ба фурудгоҳи Калибои Филиппин амалӣ намуд. Ҳамзамон, ширкат аз 28 октябри соли 2025 парвозҳо аз Хабаровск ба Филиппин низ роҳандозӣ менамояд.
***
Ширкати ҳавопаймоии минтақавии Британияи Кабир “Eastern Airways” пас аз 28 сол фаъолияти худро қатъ намуд.
***
Ширкати “Airbus” расман дуввумин хатти васлкунии ниҳоии ҳавопаймоҳои A320-ро дар Тянсзин ифтитоҳ кард.
***
Ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанубӣ “Parata Air” оғози парвозҳоро ба ИМА тавассути ҳавопаймоҳои Airbus A330-200 дар мавсими тобистонаи соли 2026 пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳои мустақимро дар масири Андиҷон-Санкт-Петербург оғоз намуд, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, ширкат парвозҳор дар масири Андиҷон – Истамбул – Андиҷон роҳандозӣ намуд.
***
Ширкати “Turkish Airlines” аввалин парвози худро дар самти Истанбул-Момбаса, шаҳр дар ҷануби Кения амалӣ намуд.
***
Ширкати “Белавия” парвози мустақимро аз Минск ба шаҳри Салалаи Султонати Умон барқарор намуд.
***
Бо мақсади пешгирии бархӯрди паранда ва ҳайвонон бо ҳавопаймо дар Фурудгоҳи Владивосток таҷҳизоти нави орнитологӣ насб карда шуд. Хадамоти матбуоти фурудгоҳ хабар дод, ки системаи нав системаи мавҷударо пурра мекунад. Тибқи изҳорот, тӯпҳои раъду барқи муосири электронӣ метавонанд ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла паррандаҳоро шабонарӯз тавассути овози баланди тақлидии “тирҳо” бе расонидани ягон зарар рафъ мекунанд.
***
(Манбаъ: Somon Air, Flight Global, Simple Flying, Aviation Explorer, Turkish Airlines, https://news.mail.ru/tag/306/, Uzbekistan Airways, Buying Business Travel Russia)


































