SOUTHWEST AIRLINES БА СӮИ ОЯНДА: МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНӢ БАРОИ ГУСТАРИШИ ҶАҲОНӢ
Маркази инноватсионӣ ба рушди тиҷорат ва ташаббусҳои рақамӣ мусоидат хоҳад кард.
Қарори ширкати ҳавопаймоии “Southwest Airlines” (WN) дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии инноватсионии худ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон (HYD) як қадами муҳими он дар самти тавсеаи ҳузури технологии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази мазкур ба таҳияи роҳҳои муосири рушди тиҷорат, беҳтарсозии амалиёт ва татбиқи ташаббусҳои рақамии ширкат мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус барои истифода аз қувваи кории соҳибихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотии Ҳайдаробод ва тақвияти қобилиятҳои инноватсионии Southwest Airlines дар тамоми амалиёти ҷаҳонии он нигаронида шудааст.
Интизор меравад, ки татбиқи ин лоиҳа имкониятҳои навро дар самти таҳияи нармафзор, таҳлили маълумот ва анҷоми таҳқиқоти амалиётӣ фароҳам оварда, ҳам ба рушди шуғли маҳаллӣ ва ҳам ба навовариҳои соҳаи авиатсияи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
Ҳамзамон, зикр кардан ба маврид аст, ки ширкати “American Airlines” низ Маркази технологияи иттилоотии худро дар ҳамин минтақа ифтитоҳ менамояд. Ҳадафи асосии он низ истифода аз захираҳои кадрии ботаҷрибаи маҳаллӣ ва таҳкими иқтидорҳои инноватсионӣ дар фаъолияти ҷаҳонии ширкат мебошад.


































