Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
22

Чоп кардан

Маъмурияти федералии авиатсионии ИМА дархости ширкати “Boeing”-ро оид ба афзоиши истеҳсоли ҳармоҳаи ҳавопаймоҳои 737 Max аз маҳдудияти феълии 38 адад тасдиқ кард. Ин як марҳилаи муҳими навбатӣ дар роҳи барқарорсозии барнома пас аз мушкилоти марбут ба назорати сифат ба ҳисоб меравад.

***

Ширкати “Air Astana” ҳавопаймои нави Airbus A321neo-ро бевосита аз корхонаи истеҳсолкунанда дар шаҳри Гамбурги Олмон ба парки ҳавопаймоии худ интиқол дод. Ин шашумин ҳавопаймои чунин навъ дар парки ширкат мебошад.

***

Бо мақсади интиқоли то 100 адад ҳавопаймоҳои eVTOL, ширкати “Korean Air” бо ширкати “Archer Aviation Midnight” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

***

Ба иттилои вазири нақлиёти Ироқ, беш аз 78% талаботи барномаи бехатарии IATA, ки ҳадафаш лағви маҳдудияти парвозҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Ироқ мебошад, аллакай иҷро шудааст. Ҳамзамон, ширкати Iraq Airways низ ҷараёни ислоҳоти дохилиро амалӣ менамояд.

***

Ширкати кайҳонии фаронсавии Safran нақша дорад дар Марокаш корхонаи нави истеҳсоли муҳаррикҳои CFM International Leap-ро ифтитоҳ намояд.

***

Теъдоди ҳалокшудагон дар суқути ҳавопаймо дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2024 ба 91 нафар расид, ки нисбат ба соли 2023 сӣ нафар кам мебошад.

***

9 ноябри соли 2025, ширкати “China Eastern Airlines” парвозҳоро аз шаҳри Шанхай ба Деҳлии Нав оғоз мекунад.

***

Ширкати “Nordwind Airlines” барномаи парвозҳои чартериро аз Москва ба шаҳри Гоаи Ҳиндустон аз 30 декабри соли 2025 шурӯъ намуда, онро то нимаи моҳи майи соли 2026 идома медиҳад.

***

Ҳангоми парвоз аз Денвер ба Лос-Анҷелес, шишаи қисмати пеши ҳавопаймои Boeing 737 MAX дар баландии 11 000 метр шикаст. Дар натиҷа як сарнишин осеб дид. Экипаж тасмим гирифт, ки ҳавопаймо ба шаҳри Солт-Лейк-Сити фуруд ояд. Ба иттилои расонаҳо, сабаби эҳтимолии ҳодиса бархӯрд бо метеорити хурд ё порчае аз партовҳои кайҳонӣ арзёбӣ мешавад.

***

Ширкати “Flynas” тасмим гирифтааст, ки дар соли 2026 парвозҳои мустақимро аз шаҳри Риёз ба Санкт-Петербург ва Сочи оғоз намуда, шумораи парвозҳоро ба Москва аз се ба ҳафт парвоз дар як ҳафта афзоиш диҳад.

***

Ширкати “China Southern Airlines” General Aviation Company Limited (CSAGA) барои лоиҳаҳои энергетикии худ як чархболи Airbus H160-ро фармоиш дод.

***

Ҳавопаймои навъи VT35, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои хизматрасонии таксии ҳавоии дурпарвоз пешбинӣ шудааст, дар шаҳри Ҳефеи музофоти Анҳуӣ муаррифӣ гардид. Дарозии он 8 метр буда, вазни максималии парвозаш 950 кг-ро ташкил медиҳад. Ҳавопаймо метавонад бо ду мусофир зиёда аз 200 километр парвоз намояд. Он барои хатсайрҳои байнишаҳрӣ, баҳрӣ ва кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.

***

Ширкати “Abu Dhabi Aviation” дар ҳамкорӣ бо Нерӯҳои ҳавоии Миср хизматрасонии таксии ҳавоӣ-ро дар қаламрави Миср роҳандозӣ намуд. Ин ташаббус барои осон намудани рафтуомад байни шаҳрҳои бузург ва нуқтаҳои муҳими Қоҳира равона шудааст. Вақти сафар аз Қоҳира то соҳили шимолӣ тақрибан 60 дақиқа ва то Сива - 90 дақиқаро дар бар мегирад.

***

Ширкати “IndiGo” барои харидории 30 адад ҳавопаймои иловагии Airbus A350-900 фармоиши расмӣ (қатъӣ) дод.

***

18 октябри соли 2025, баъд аз 20 дақиқаи парвоз, дар ҳавопаймои Airbus A321-200-и ширкати “Air China”, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Ханчжоу Сяошан (HGH) ба Фурудгоҳи байналмилалии Сеул Инчхон (ICN) парвоз мекард, батареяи литийӣ оташ гирифт. Ҳавопаймо бомуваффақият дар Фурудгоҳи байналмилалии Шанхай Пудун фуруд омад. Хушбахтона, ягон мусофир осеб надид.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Simple Flying, China Southern Airlines, https://news.mail.ru/tag/306 /, China Xinhua Economy)