ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

15-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии маҳорати касбии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ миёни кишварҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Авруосиё оғоз гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланди касбӣ намояндагони корхонаҳои аэронавигатсионии кишварҳои иштироккунанда ширкат варзида, малака ва маҳорати худро дар шароити амалӣ ба намоиш мегузоранд.
Бо камоли ифтихор метавон зикр намуд, ки мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар ҳайати дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, маҳорати баланди касбии худро дар озмун ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.
Аз номи роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба дастаи тоҷикон дар ин озмун муваффақият, эътимод ба нерӯи касбӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои сазовор орзу менамоем.
Озмуни мазкур то 17-уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, умедворем, ки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳорати баланд ва масъулияти касбӣ дар ин чорабинии байналмилалӣ Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ хоҳанд кард.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”