АСРОРИ АСР – ҒАЙБИ ПАРВОЗИ ГУМШУДАИ MH370

Ҷустуҷӯи гаронтарин дар таърихи авиатсия, ширкати даҳҳо ҳукумати пуриқтидор ва сатҳи баланди ҷалби аҳолӣ барои ҷустуҷӯ — бо вуҷуди ҳамаи ин, нопадид шудани ҳавопаймои MH370 яке аз пурасрортарин рӯйдодҳои асри мо боқӣ мемонад.
Рӯзи 8 марти соли 2014, парвози MH370 (ё MAS370) — ҳавопаймои ширкати “Malaysia Airlines”, ки аз Куала-Лумпур (Малайзия) ба самти Пекин (Ҷумҳурии Мардумии Чин) ҳаракат мекард, тақрибан 40 дақиқа пас аз парвоз дар болои баҳри Чини Ҷанубӣ нопадид шуд. Дар дохили ҳавопаймои навъи Boeing 777-200ER 239 нафар қарор доштанд — 12 узви экипаж ва 227 мусофир. Моҳи январи соли 2015 ҳамаи онҳо расман ҳамчун ҳалокшуда дар натиҷаи “садама” эътироф гардиданд.
Ҳавопаймо чанде пас аз парвоз то ба баландии стандартии 35 000 фут (тақрибан 11 км) баромад. Ин амалиёт ду маротиба пайдарпай ба танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ тасдиқ шуда, комилан мувофиқи масири пешбинишуда ба самти шимолу шарқ, аз болои Малайзия тавассути халиҷи Таиланд ба сӯи Ветнам равона гардида буд.
Чил дақиқа пас аз парвоз (соати 01:19:26 ба вақти маҳаллӣ), танзимгари ҳавоии Малайзия ба парвози MH370 дастур дод, ки бо танзимгарони Ветнам тамос гирад, зеро ҳавопаймо ҳудуди масъулияти Малайзияро тарк карда, омодаи ворид шудан ба фазои ҳавоии Ветнам буд.
Чаҳор сония пас аз ин (соати 01:19:30), экипажи ҳавопаймо бо чунин ибора ҷавоб дод: “Шаб ба хайр, MALAYSIAN се ҳафт сифр”. Ин охирин иртиботе буд, ки ҷаҳон аз парвози MH370 шунидааст.
Ба зудӣ пас аз он, транспондери ҳавопаймо, ки маълумотро дар бораи самт, суръат ва баландии парвоз ба радарҳо мефиристод, хомӯш шуд ё қасдан хомӯш карда шуд. Дар натиҷа, парвози MH370 аз экранҳои танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ нопадид гардид.
Тибқи иттилои низомиён, ҳавопаймои Boeing пас аз убур аз болои халиҷи Таиланд, гардиш намуда, дубора тавассути ҳарими ҳавоии Малайзия аз самти шарқ ба ғарб парвоз кардааст ва сипас ба самти шимолу ғарб ҳаракат намудааст. Ин ҳаракат тавассути халиҷи Малакка сурат гирифтааст, ки Малайзияро аз ҷазираи Суматраи Индонезия ҷудо мекунад.
Дар минтақаи соҳили шимолии Суматра, парвози MH370 дигар аз ҷониби радарҳои нерӯҳои ҳавоии Малайзия мушоҳида нашуд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, баъди берун шудан аз масири пешбинишуда, ҳавопаймо якбора баландии худро тағйир додааст: аввал то ба 58 200 фут (18 км) боло рафта, сипас ба 4 800 фут (1,5 км) поён омада, баъдан боз ба 29 300 фут (9 км) баромадааст. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои мусофирбар одатан баландии тақрибан 35 000 фут (11 км)-ро нигоҳ медоранд. Ҳадди ниҳоии баландии парвози Boeing 777 бошад, 43 100 фут (13 км)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, суръати парвози ҳавопаймо низ ба таври ғайримуқаррарӣ тағйир ёфтааст — дар зарфи як дақиқа аз 589 узел то 492 узел поин рафтааст, ки чунин тағйироти якбора хеле назаррас аст.
Маълумоти аҷибе, ки дар ҷараёни таҳқиқот ошкор шуд, сабти телефони сарнишини дуюм дар шабакаи мобилӣ мебошад. Ширкати телекоммуникатсионии маҳаллӣ хабар дод ва полис тасдиқ намуд, ки телефони сарнишини дуюм ба яке аз нуқтаҳои дастрасии шабакаи мобилӣ дар ҷазираи Пенанг пайваст шудааст. Эҳтимол меравад, ки ин кӯшиши пайваст шудан ба шабака будааст, аммо ба ӯ муяссар нашудааст, ки маълумоте ирсол кунад.
Пас аз гум шудани MH370 аз радар, сарнавишти эҳтимолии ҳавопаймо тавассути системаи алоқаи моҳвораии Classic Aero (SATCOM) муайян карда шуд, ки тавассути шабакаи моҳвораии ширкати Британияи Кабир — Inmarsat фаъолият мекунад.
Ҳавопаймо ба дархостҳои автоматикии шабака бо мазмуни “Оё ҳамааш хуб аст?” бе интиқоли координатҳо ҷавоб медод. Бо вуҷуди ин, Inmarsat тавассути таҳлили эффекти Доплер (тағйирёбии басомади сигнал вобаста ба ҳаракати манбаъ ё қабулкунанда) тавонист мавқеи эҳтимолии ҳавопайморо муайян кунад ва ду “долон”-и эҳтимолии парвозро пешниҳод намояд. Ба эҳтимоли зиёд, ҳавопаймо ба қисми ҷанубии уқёнуси Ҳинд, ғарби Австралия ҳаракат мекард — минтақае, ки камаҳолӣ ва кам омӯхта мебошад.
Кӯшиши ниҳоии бомуваффақияти пайвастшавӣ бо шабака соати 08:19 (00:19 UTC) — яъне 7,5 соат пас аз парвоз сурат гирифт. Сӯзишвории дар ҳавопаймо мавҷудбуда маҳз барои чунин давомнокии парвоз пешбинӣ шуда буд. Аз соати 09:15 (01:15 UTC) сар карда, ҳавопаймо дигар ба дархостҳои автоматикии шабака посух надод.
Ҷустуҷӯ ба зудӣ оғоз гардида, Малайзия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин минтақаҳои эҳтимолии суқутро муайян намуданд. Барои анҷоми ин амалиёти мураккаб дар тӯли ду сол — то моҳи январи соли 2017 — тақрибан 142 миллион доллари ИМА сарф гардид. Ҷустуҷӯи семоҳаи ширкати амрикоии “Ocean Infinity” низ бенатиҷа анҷом ёфт. Новобаста ба фарзияҳои мухталиф, то ҳол сабаби аслии нопадидшавии MH370 муайян нашудааст.
Нопадидшавии парвози MH370 мақомоти авиатсионии кишварҳои гуногунро водор намуд, ки масъалаи пайгирии ҳавопаймоҳоро дар вақти дилхоҳ, ҳатто ҳангоми парвоз тавассути қаламравҳое, ки ба радарҳо намоён нестанд (ки тақрибан се ду ҳиссаи сайёраро ташкил медиҳанд), дубора мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳалли ин масъала кори осон нест ва асосан ба системаи мавҷуда ва ояндаи моҳвораӣ такя мекунад.
Соли 2016 Ассотсиатсияи байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) маҷмӯи тавсияҳоро барои татбиқи Системаи глобалии огоҳӣ оид ба садамаҳо ва таъмини бехатарии парвозҳо (Global Aeronautical Distress and Safety System — GADSS) пешниҳод намуд. Мақсади асосии ин система — интиқоли координатҳои дақиқи ҳавопаймо дар ҳар 15 дақиқа ва дар ҳолати ҳолатҳои фавқулода — дар ҳар як дақиқа, новобаста аз ҳолати таъминоти барқ, навигатсия ё алоқа мебошад.
Ҷамъоварии маълумот дар ҳар 15 дақиқа аз моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби ширкати “Aireon” бо такя ба шабакаи моҳвораи Iridium ва интиқолдиҳандаҳои ADS-B амалӣ карда мешавад. Ин таҷҳизот аллакай дар бисёр ҳавопаймоҳо насб шудаанд.
Ҳарчанд Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ҳуқуқи уҳдадор намудани кишварҳои узвро ба иҷрои тавсияҳои худ надорад, тибқи иттилои маҷаллаи “Forbes” як қатор кишварҳо қисман тавсияҳои марбут ба GADSS-ро қабул намудаанд. Аз ҷумла, кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди Аврупо, инчунин Малайзия, Чин, Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ. Зиёда аз 100 ширкати ҳавопаймоӣ низ аз хизматрасониҳои Aireon ва FlightAware истифода мебаранд.
САВОЛҲОИ БЕҶАВОБ
Новобаста аз сипарӣ шудани даҳсола аз садама, саволҳои беҷавоб бештар аз ҷавобҳои дақиқ боқӣ мондаанд:
- Ҳавопаймои Boeing 777-и парвози MH370 ё харобаҳои он дар куҷо қарор доранд?
- Оё ягон нафар аз мусофирон зинда мондааст?
- Дар асл бо ҳавопаймо чӣ ҳодиса рух дод?
- Чаро касе (ё чизе) интиқолдиҳандаҳоро хомӯш намуд ва чаро ҳавопаймо ба самти ҷануб равон шуд?
Шояд рӯзе посухи ин саволҳоро хоҳем ёфт. Аммо то имрӯз, нопадид шудани MH370 яке аз асрортомтарин рӯйдодҳои таърихи авиатсияи муосир боқӣ мемонад.