МУТОБИҚГАРДОНИИ САТҲИ КАСБИИ МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ БА СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус ва такмили донишҳои касбии нозирони давлатии бехатарии парвозҳо, аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии ICAO оиди бехатарии парвозҳо дар Ҷумҳурии Украина, курси омӯзишии нозирони давлатии бехатарии парвозҳо дар ду марҳила баргузор гардид:
- Марҳилаи якум — аз 22 то 24 сентябри соли 2025 дар шакли фосилавӣ (онлайн);
- Марҳилаи дуюм — аз 1 то 8 октябри соли 2025 дар бинои Агентии авиатсияи гражданӣ.
Дар курс 39 нафар мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи нозирони давлатӣ дар самти татбиқи самараноки низоми идоракунии бехатарии парвозҳо, инчунин таҳкими малакаҳои амалии назорат ва баҳогузории хавфҳо тибқи стандартҳо ва тавсияҳои Созмони байналмилалии Авиатсияи гражданӣ (ICAO) мебошад, иттилоъ медиҳад КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барномаи омӯзишӣ масъалаҳои зеринро дар бар гирифт:
1. Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба назорати давлатии бехатарии парвозҳо;
2. Қоидаҳо ва стандартҳои байналмилалии ICAO оид ба сертификатсия ва назорат;
3. Принсипҳои таҳлили хавфҳо ва идоракунии хавфҳо (Safety Risk Management);
4. Ташкили мониторинг ва таъмини идомаи назорат (Continuing Surveillance);
5. Омӯзиши амалии ҳолатҳои назоратӣ (Mock inspection exercises).
Курси омӯзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим карда мешаванд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон