ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассус ва такмили донишҳои касбии нозирони давлатии бехатарии парвозҳо, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба бехатарии парвозҳо дар Ҷумҳурии Украина, курси омӯзишии нозирони давлатии бехатарии парвозҳоро дар ду марҳила баргузор намуд.
Марҳилаи якум аз 22 то 24 сентябри соли 2025 дар шакли фосилавӣ (онлайн) ва марҳилаи дуюм аз 1 то 8 октябри соли 2025 дар бинои Агентии авиатсияи гражданӣ баргузор гардид.
Дар курс 39 нафар мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи нозирони давлатӣ дар самти татбиқи самараноки низоми идоракунии бехатарии парвозҳо, инчунин таҳкими малакаҳои амалии назорат ва баҳогузории хавфҳо тибқи стандартҳо ва тавсияҳои ICAO мебошад.
***
Полис дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба сабти саҳнаҳои садамаҳо бо истифода аз дронҳо оғоз намуд. Иқдоми мазкур ба барқарорсозии ҳарчи зудтари ҳаракати нақлиёт мусоидат хоҳад кард.
***
Тибқи тадқиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) ва ширкати консалтингии “Oliver Wyman”, мушкили занҷираи таҳвил дар соҳаи аэрокосмикӣ дар соли ҷорӣ ба саноати ҷаҳонии авиатсия зиёда аз 11 миллиард доллари ИМА зарар мерасонад.
***
Ширкати “Etihad Airways” аз моҳи декабри соли ҷорӣ парвозҳоро миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз менамояд. Парвозҳо ба Кобул ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.
***
Бо мақсади роҳандозии фаъолияти корхонаҳои муштарак, лизинг ва нигоҳдории ҳавопаймоҳо, ширкати “Turkish Airlines” бо ширкати “Air Algerie” Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
***
26-уми октябри соли 2025, ширкати “Air China” парвози мустақимро миёни шаҳрҳои Ханчжоу ва Ханой оғоз мекунад.
***
Аз 26-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Riyadh Air” парвозҳои ҳамарӯза ба фурудгоҳи Ҳитроуи шаҳри Лондонро оғоз менамояд.
***
10-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Saudia” парвози ифтитоҳии худро дар масири Риёз – Москва – Риёз анҷом дод, ки нахустин парвози он ба самти Федератсияи Россия ба шумор меравад.
***
Ширкати ҳавопаймоии Муғулистон — “Hunnu Air” парвозҳои мустақимро миёни шаҳри Улан-Удэ ва ҷазираи Ҳайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз намуд.
***
10-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии Ветнам — “VietJet Air” нахустин парвози худро аз Камран Бей ба фурудгоҳи шаҳри Қазон амалӣ сохт.
***
Ширкати “Rolls-Royce” ҳамаи озмоишҳои сертификатсионии муҳаррики намунавии Pearl 10X-ро бомуваффақият анҷом дод.
***
Аз 23-юми декабри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Flynas” парвозҳои мустақимро миёни шаҳрҳои Ҷидда ва Москва ба роҳ мемонад.
***
Аз 26-уми октябри соли ҷорӣ, ширкати “Centrum Air” парвозҳои мустақимро аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Санкт-Петербург оғоз менамояд.
***
(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Aviation Explorer, Flight Global, Simple Flying, Air Chinа, Buying Business Travel Russia)