Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЧӢ ГУНА БИОМЕТРИЯ САФАРҲОИ ҲАВОИРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?

ЧӢ ГУНА БИОМЕТРИЯ САФАРҲОИ ҲАВОИРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?
328

Чоп кардан

Мувофиқи маълумоти Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), дар соли 2024, 46% мусофирон дар фурудгоҳҳо аз биометрия истифода намуда, 73% сайёҳон хоҳиши истифодаи идентификатсияи биометриро ба ҷои ҳуҷҷатҳои ҷисмонӣ/қоғазӣ изҳор намуданд. Бо ибораи дигар, аксари мусофирон омодаанд, ки ҳангоми парвоз тавассути чеҳра ё изи ангуштони худ аз санҷиш гузашта, вақти худро сарфа намоянд. 

Санҷиши биометрӣ дар фурудгоҳ санҷиши анъанавиро иваз намуда, такроран пешниҳод намудани шиноснома ё чиптаро аз байн мебарад, шахсияти мусофир тавассути чеҳра, изи ангуштон ё сканери чашм муайян карда мешавад. Муайян намудан тавассути чеҳра маъмултарин усул мебошад, ки системаҳои муосир хусусиятҳои чеҳраи шахсро сканер намуда, онҳоро бо акси шиноснома ё маълумотҳои дар базаи давлатӣ ҷамъоварӣ гардида дар чанд сония муқоиса мекунанд. Санҷиши биометрӣ аз истифодаи шиносномаи қалбакӣ ё истифодаи шахсияти дигарро пешгирӣ менамояд. Зеро дастгоҳ дар гузаргоҳи фурудгоҳ метавонад фавран тасдиқ намояд, ки оё маълумоти биометрии мусофир ба маълумоти махзани маълумотҳо мувофиқ мебошад ва ин раванд нисбат ба санҷиши инсон хеле зудтар ва аксаран боэътимодтар мебошад.

Биометрия таҷрибаи сафари мусофиронро тавассути харидории чипта, бақайдгирии онлайн, бақайдгирӣ дар фурудгоҳ, интиқоли бағоҷ, гузариш аз санҷиши бехатарӣ ва фурудро беҳтар менамояд. Илова бар ин хизматрасонии биометрӣ дар баланд бардоштани бехатарӣ, коркарди зуд, таҷрибаи беҳтари мусофирон, самаранокии хароҷот ва пешгирии қаллобӣ мусоидат менамояд.

Системаҳои биометрӣ босуръат рушд менамоянд, аммо татбиқи онҳо ба мушкилоти ҷиддӣ, бахусус дар дахолатнопазирӣ ва бехатарӣ дучор меояд. Хизматрасонии биометрия ҷамъоварии маълумоти шахсӣ (чеҳра, изи ангуштҳо, сканери чашм ва ғайра)-ро дар бар мегирад, ки онҳо барои мусофирон хеле маълумотҳои  шахсӣ мебошанд.

Аз ин рӯ, дар бисёр минтақаҳои хизматрасонии биометрӣ ҷорӣ гардида қоидаҳои қатъӣ мавҷуданд, масалан, дар Иттиҳоди Аврупо Низомномаи умумии ҳифзи маълумотҳо (GDPR) қоидаҳои қатъии истифодаи маълумоти биометриро муқаррар менамояд. Вазорати бехатарии дохилии ИМА сиёсатеро изҳор кардаанд, ки ҳама маълумоти биометрии онҳоро ҷамъоварӣ мекунанд, рамзгузорӣ карда мешаванд ва танҳо дар муддати кӯтоҳ ва муайян нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як системаи биометрӣ бояд ба қоидаҳои дахлдор мувофиқат кунад, ки иҷрои он на ҳамеша осон аст.

Нигоҳ доштани маълумоти биометрӣ (ҳатто дар муддати кӯтоҳ) хатари ҳамлаҳои кибериро ба вуҷуд меорад. Зеро дар ҳолати ба ҳамлаи хакерон рӯбарӯ гардидан, мусофирон наметавонанд рӯй, изи ангушт, ва сканери чашмро иваз намоянд, ки ин ба маълумотҳои шахсии онҳо таҳдиди ҷиддӣ мебошад.

Навобаста ба афзалият ва мушкилии хизматрасонии биометрӣ аллакай технологияи мазкур дар фурудгоҳҳои бузурги байналмилалӣ татбиқ карда шудаанд. Аз ҷумла Фурудгоҳи Чангии Сингапур 95% автомати намудани санҷиши муҳоҷиратро то соли 2026 пешбинӣ менамояд, ки мусофирон имкон гузариши санҷиши бехатариро дар 10 сония доранд. Ҳамзамон Фурудгоҳи байналмилалии Дубай ҳоло дарвозаҳои интеллектуалии биометрии мусофиронро дар нуқтаҳои санҷиши бехатарӣ, муҳоҷират ва нишастгоҳ бидуни ниёз ба муоинаи дастӣ муоина мекунанд. Фурудгоҳи байналмилалии Зайд дар Абу-Заби то охири соли 2025 дар ҳар як гузаргоҳ сенсорҳои биометрӣ хоҳад дошт. Илова бар ин, фурудгоҳҳое, ки ҳоло сохта мешаванд, ба монанди Фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Салмон, аллакай системаҳои ташхиси биометриро дар нақша доранд.

Хизматрасонии биометрӣ аз барномаи пилотӣ ба васеъ ҷорӣ намудани он дар фурудгоҳҳо гузашта, имрӯз мусофирон дар фурудгоҳ бо истифода аз биометрияи ниҳоӣ метавонанд бидуни таъхир аз қайд гузаранд, бағоҷро супоранд ва ҷои худро дар ҳавопаймо ишғол намоянд. Чеҳра ё изи ангушти мусофир дар ҳар як гузаргоҳ ҳамчун калиди асосӣ хизмат менамояд.