САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
9 октябр маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом ороста шуда буд, баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд.
Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштанд, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.
Бо ишора ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.
Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор доштанд дар оғози музокирот Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.
Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.
Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд.
Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд.
Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт.
Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт.
Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва таҳкими сулҳу суботи дарозмуддат дар минтақа хизмат хоҳад кард.
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд.
Зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.
15 санади дигар инҳоянд:
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;
-Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;
-Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;
- Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;
-Ёдошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;
-Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;
-Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;
-Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;
-Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;
-Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.
-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.
Пас аз маросими имзову табодули санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, зимнан аз натиҷаҳои мулоқоти музокироти давлатии сатҳи олӣ изҳори қаноат намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози нишаст, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “гуфтугӯи мо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сатҳи баланди муносибатҳо миёни Тоҷикистону Русияро таъкид менамояд”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти давлатии сатҳи олӣ батафсил иттилоъ дода, аз ҷумла аз аҳамияти тавофуқоти доир ба рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва ҳамчунин дар соҳаҳои амнияту мудофиаро таъкид намуданд.
Зимнан ба муҳтарам Владимир Путин ҷиҳати зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, бунёди 5 мактаби русӣ ва Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, таъмини китобҳои дарсии русӣ ва сохтмони Театри русии драма ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе арзи сипос карда шуд.
Ба ҷараёни ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои дифоии ду кишвар, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, баҳои баланд дода шуд.
Муносибати наздики Тоҷикистону Русия доир ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид гардид.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.
Муҳтарам Владимир Путин зимни ироаи изҳороти матбуотӣ ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ва пазироиву меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.