ТАШРИФИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки пагоҳ 9 октябр сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон идома ёфта, нимаи дуюми рӯз Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор мешавад.
Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ рӯзи 10 октябр доир хоҳад шуд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон аз 8 то 9 октябр идома ёфта, музокирот дар қолабҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд. Инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар назар аст.
Оид ба натиҷаи вохӯриҳо нишасти матбуотии роҳбарони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
Инчунин Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, иштирок менамояд.
https://www.president.tj/