ҶОРӢ ГАРДИДАНИ КОРТИ ЭЛЕКТРОНӢ БАРОИ ВУРУД БА ҲИНДУСТОН

Аз 1-уми октябри соли 2025, Ҳиндустон корти электронии “e‑Arrival Card”-ро барои сайёҳони хориҷӣ ҷорӣ намуд, ки он бояд на дертар аз панҷ рӯз пеш аз сафар дар портали “Indian Visa Online” дархост карда шавад. Тибқи иттилоъ корти электронии воридшавӣ раводидро иваз намекунад, балки ҳамчун талаботи иловагӣ барои ворид шудан ба Ҳиндустон хизмат расонида, кортҳои коғазии фурудгоҳ “disembarkation cards”-ро, ки қаблан ҳангоми ворид шудан ба ин кишвар пур карда мешуданд, иваз менамояд.
Ин талабот ба сайёҳоне, ки бо мақсади тиҷорат, сайёҳӣ ё таҳсил ба Ҳиндустон сафар мекунанд, ҷорӣ карда мешавад. Шаҳрвандони Ҳиндустон ва дорандагони кортҳои OCI аз ин талабот озоданд.
Масъулин таъкид мекунанд, ки системаи рақамӣ бо мақсади коҳиш додани вақти интизорӣ дар фурудгоҳҳо тарҳрезӣ шуда, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тавассути онлайнӣ ба хадамоти муҳоҷират имкон медиҳад, ки маълумотро пешакӣ санҷад.
Тибқи изҳороти Вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон гузариш ба системаи воридшавии рақамӣ ӯҳдадории Ҳиндустонро барои татбиқи қарорҳои идоракунии сарҳад ва ҳамзамон беҳтар кардани таҷрибаи умумии мусофиронро инъикос мекунад. Интизорӣ меравад, ки “e‑Arrival Card” дар соддагардонии расмиёти вуруд ва коҳиши кори маъмурӣ дар фурудгоҳҳои бузург, аз ҷумла Деҳлӣ, Мумбай, Бангалор ва Ченнай нақши калидӣ бозад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки системаи корти электронии вуруд аллакай дар Австралия, Сингапур ва Таиланд ҷорӣ гардида, саёҳати мусофиронро боз ҳам осонтар ва бофароғаттар намудааст.