Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
58

Чоп кардан

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи хазиначӣ – мутахассиси маълумотдиҳӣ дар Шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд озмун эълон менамояд.

***

Дар доираи Форуми VIII байналмилалии “Digital Bridge 2025: Generative Nation” Ёддошти сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни Маркази миллии метеорологии Аморати Муттаҳидаи Араб, КВҶ “Қазаэронавигатсия” ва “Қазгидромет” ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур ба муайян намудани минтақаи озмоишӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои кишти абрӣ, истифодаи технологияи муосири иқлимӣ ва ба роҳ мондани боришот нигаронида шудааст. Ин технология, ки аллакай дар Аморати Муттаҳидаи Араб бомуваффақият истифода мегардад, барои зиёд намудани ҳаҷми боришот, коҳиш додани таъсири хушксолӣ ва таҳкими захираҳои обии кишвар мусоидат менамояд.

***

Бар асари шамоли сахт ва тӯфони “Ами”, ки аз Британияи Кабир ва Ирландия ба Ҳолланд наздик шуд, рӯзи 4-уми октябри соли 2025 дар Фурудгоҳи Схипхоли Амстердам беш аз 150 парвоз лағв гардид.

***

Рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ Африқои Ҷанубӣ иштибоҳан ба ширкати боркашонии “Abakan Air”-и Федератсияи Россия, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад, иҷозати фуруд омадан ба Фурудгоҳи Упингтонро дод. Тибқи иттилои сухангӯи Вазорати нақлиёти Африқои Ҷанубӣ, кишвари мазкур оид ба маҳдудиятҳои марбут ба интиқолдиҳанда огоҳ набудааст ва ширкати мазкур ба рӯйхати сиёҳ шомил нашудааст.

***

Бар асари суқути чархболи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, ки дар вилояти Луристони Ҷумҳурии Исломии Эрон рух дод, дастикам ду нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Аз 2-юми ноябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Conviasa Airlines” парвозҳои мунтазами мусофирбариро аз шаҳри Каракас ба фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург оғоз менамояд.

***

Аз 31-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Азимут” парвозҳоро аз шаҳри  Минералние Водӣ ба шаҳри Бухоро оғоз менамояд.

***

Пас аз панҷ сол Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин алоқаи мустақими ҳавоиро барқарор менамоянд. Аз 26-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон — “IndiGo” парвозҳои мустақими ҳаррӯзаро байни шаҳрҳои Колката ва Гуанчжоу оғоз мекунад.

***

Аз 26-уми октябри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “IndiGo” парвозҳои мустақими ҳаррӯзаро аз Мумбай ба фурудгоҳи Хитроуи Лондон оғоз менамояд. Инчунин, аз 15-уми ноябри соли ҷорӣ, ширкат хатсайри дуюми худро аз Деҳлӣ ба Манчестер ба роҳ мемонад. Масири мазкур дар як ҳафта чор маротиба анҷом дода шуда, хатсайри сеюми ширкати “IndiGo” ба Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.

***

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами парки ҳавопаймоии худ, ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Федератсияи Россия якчанд ҳавопаймои тамғаи “Boeing”-ро ҳамчун манбаи эҳтиётӣ барои таъмиру хизматрасонии техникии дигар ҳавопаймоҳо истифода мебарад.

***

Ширкатҳои “United” ва “Air Canada” расман аз Ҳукумати ИМА дархост намудаанд, ки ширкати ҳавопаймоии “ITA Airways” ба Синфи А++ ҳамроҳ гардад.

***

Таҳиягари таксиҳои ҳавоии “Volocopter” дар ҳамкорӣ бо ширкати Австрия “Diamond Aircraft” то соли 2030 роҳандозии парвози 4 адад ҳавопаймои нави eVTOL-ро ба нақша гирифтааст.

***

Бо мақсади васеъ намудани шумораи парвозҳо, ширкати “Air Tanzania” тақрибан 70 нафар сарнишин, 100 нафар ҳайати хизматрасонии дохили кабина ва инчунин дигар кормандонро ба кор қабул кардааст.

***

(Манбаъ: Сомон Эйр, КВҶ “Қазаэронавигатсия”, Aviation Explorer, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, Buying Business Travel Russia)