Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҶАЛАСАИ 41-УМИ ШӮРОИ “АВРУОСИЁ”

ШИРКАТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҶАЛАСАИ 41-УМИ ШӮРОИ “АВРУОСИЁ”
163

Чоп кардан

1-уми октябри соли 2025 ҷаласаи 41-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар шаҳри Гюмрии Ҷумҳурии Арманистон оғоз гардид. Дар чорабинӣ намояндагони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз ҳафт кишвар – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони саноати авиатсионӣ ва ташкилотҳои махсусгардонидашуда низ ба ҷаласа даъват шуда буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” намояндагӣ карданд. Масоили рушди фазои ҳавоӣ дар меҳвари муҳокимарониҳо қарор доштанд. Мутахассисон дурнамои лоиҳаҳои муштарак, масъалаи модерникунонии инфрасохтор, инчунин татбиқи усулҳои системавии нақшагирии аэронавигатсионӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа – баррасии Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии идоракунии ҳаракати ҳавоии кишварҳои ИДМ буд. Дар ин замина, иштирокчиён лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаро таҳлил намуда, марҳилаҳои татбиқи онро пешниҳод карданд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” моҳи сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад.

Зикр бояд кард, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар шаҳри Гюмрӣ аз талошҳои давлатҳои аъзо барои таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи аэронавигатсия ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва амнияти ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад.

 

                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”