ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар шаҳри Монреали Канада иҷлоси 42-уми Ассамблеяи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) идома дорад, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлоси ICAO муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад намояндагӣ мекунад.
***
Ҳавопаймои Ан-26-и ширкати ҳавопаймоии Камчатка (РА-26122), ки аз Петропавловск-Камчатский ба Тиличики бо 28 мусофир парвоз менамуд, бо ҳавопаймои бесарнишин бархӯрд. Ҳодисаи мазкур метавонад аввалин ҳодисаи бархӯрди ҳавопаймои мусофирбар бо ҳавопаймои бесарнишин дар Федератсияи Россия бошад.
***
Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати амнияти милии ИМА, парвозҳо ба Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ гаронтар хоҳанд шуд. Зеро аз 30-юми сентябри соли 2025 Хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳади ИМА (CBP) ҳаққи дархости системаи электронии иҷозати сафар (ESTA) -ро то 40 доллари ИМА барои як нафар афзоиш медиҳад, ки ин нисбат ба арзиши қаблӣ 21 доллар зиёд аст. Тибқи иттилои манбаъ, афзоиши пардохт метавонад минбаъд ба коҳиши шумораи мусофирон гардидад, зеро шумораи солонаи меҳмонон ба Иёлоти Муттаҳида бинобар тағйирот дар муҳити сиёсӣ ва иқтисодӣ аллакай коҳиш меёбад.
***
Ширкати “China Southern Airlines” иваз намудани аввалин муҳаррики LEAP-1A-ро ба итмом расонид, ки ин як қадами муҳим дар рушди иқтидори ҳамаҷонибаи нигоҳдории техникии муҳаррик ва оғози марҳилаи нав дар рушди қобилиятҳои мустақили хизматрасонии техникии дохилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад.
***
Идораи авиатсияи граждании Британияи Кабир (CAA) машварати оммавиро оид ба ислоҳоти раванди фазои ҳавоии Британия оғоз намуд, ки ин иқдом як қисми муҳими саъю кушиши васеътари модернизиатсияи фазоӣ ҳавоии ин кишвар мебошад.
***
Ширкати “Breeze Airways” аз Маъмурияти федералии авиатсияи ИМА барои анҷом додани парвозҳои байналмилалӣ иҷозат гирифта, парвозҳоро парвозҳои байналмилалииро ба Мексика ва кишварҳои ҳавзаи Кариб роҳандозӣ менамояд.
***
Ширкати “Philippine Airlines” (PAL) аввалин ҳавопаймои муосири A321-и худро дастрас намуд. Интизорӣ меравад, ки корҳои модернизиатсияи 18 адад ҳавопаймои A321ceo-и PAL то соли 2027 идома меёбад.
***
Аз 27-уми сентябри соли ҷорӣ ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳои мустақимро аз Тошканд ба Москва оғоз менамояд.
***
(Манбаъ: ООО “Вечерний Душанбе”, Facebook, Aviation Explorer, Simply Flying, Flight Global, Aviation Source News, China Southern Airlines)