САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд.
Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд.
Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд.
Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд.
Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.
“Мо раванди рушди робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи муколама ва тамосҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки истифода аз захираҳои фаровони табиӣ ва башарии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои энергияи “сабз”, маъданҳои нодир ва дар якҷоягӣ бо технологияҳои пешрафтаву сармояи Португалия метавонад ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намояд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои башарӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ва табодули устодону донишҷӯён низ дорои имконоти фарох арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла атрофи мавзӯъҳои вобаста ба обу иқлим ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳони пешгӯинашавандаи имрӯза сурат гирифт.
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд.
Доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80”, ташаббуси Дабири кул оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд.
Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии васеъ ба ин ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд.
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.
Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Оид ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз қабили саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ табодули судманди афкор ҷараён гирифт.
Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
Мусоҳибон атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои аъзои Созмонро ба муносибати 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид самимона табрику таҳният гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳолати ноустувору номуайян ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ шудани ҷаҳони муосир ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз кишварҳои олам даъват карда шуд, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста талош варзанд. Дар ин зимн, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург иқдоми муҳим ва саривақтӣ номида шуд.
Аз вазъи душвори давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ёдовар шуда, андешидани чораҳои ҷиддиро барои таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз ислоҳоти муассир ва одилонаи василаҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Гуфта шуд, ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд.
Даъват карда шуд, ки ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, ки боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гаштаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Зикр карда шуд, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд.
“Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем”, таъкид доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ибтикори навбатии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тадбирҳои амалии андешидаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ҷалб намуда, аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
“Мо ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф таъкид менамоем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо бо дарки амиқи ин воқеият пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват карда шуд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ ба хотири амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ, андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки амнияти киберӣ бояд ҷузъи муҳимми амнияти дастҷамъӣ бошад.
Гуфта шуд, ки ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, бахусус Дафтари он оид ба мубориза бо терроризм, метавонанд дар татбиқи ҳамаҷонибаи стратегияҳо ва барномаҳои глобалии зиддитеррористӣ саҳми муассир гузошта, дастгирии кишварҳои узвро дар ин самт тақвият бахшанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пешниҳоди нави худ дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.
Президенти кишвари мо аз тамоми кишварҳои аъзо даъват намуданд, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи Фаластин ва сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст.
Дар ин зимн, Роҳбари давлати мо даъват намуданд, ки “дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад”.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон мебошад.
“Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, “Созмони Милали Муттаҳид-2.0” ва “Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баробари ин, аз “Паймон ба хотири оянда” ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол карда шуд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкории муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.