Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАРРАСИИ МАСОИЛ КОҲИШИ МАСОФА ВА ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҶАЛАСАИ RDGE-SCM/2025 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРРАСИИ МАСОИЛ КОҲИШИ МАСОФА ВА ВАҚТИ ПАРВОЗ ДАР ҶАЛАСАИ RDGE-SCM/2025 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
158

Чоп кардан

Дар доираи ҷаласаи махсуси гурӯҳи ҳамоҳангсозии минтақавии RDGE-SCM/2025, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, намояндагони ташкилоти байналмилалии (ICAO), Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва ширкатҳои пешбари байналмилалии ҳавопаймоӣ масъалаҳои муҳими коҳиш додани масофа ва вақти парвозро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни муҳокима, намояндаи IATA ҷаноби Ҷон Мооре бо такя ба мисолҳои мушаххаси фаъолияти 2–3 ширкати ҳавопаймоӣ нишон дод, ки чӣ гуна тавассути ифтитоҳи самтҳои рост ва кӯтоҳ намудани масирҳои мавҷуда, хароҷоти ширкатҳо ба таври назаррас коҳиш ёфта, самаранокии парвозҳо ва сарфаи сӯзишворӣ ба даст омадааст. Ӯ таъкид намуд, ки роҳандозии чунин масирҳо на танҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки барои тамоми шабакаи аэронавигатсионӣ дар минтақа фоидаовар мебошад.
Дар идомаи ҷаласа, мутахассисон масоили таҳия ва ҷорӣ намудани роҳҳои нави ҳавоӣ дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан масирҳои рости ҳаракати ҳавоӣ, ки имкон медиҳанд парвозҳо кутоҳтар, бехатартар ва камхарҷтар анҷом ёбанд, баррасӣ намуданд.
Бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ҷонибҳои иштирокчӣ ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳавӣ, қарор қабул гардид, ки пешниҳодҳои марбут ба масирҳои нав ба феҳрасти нақшаи ташкили идоракунии ҳаракати ҳавоии “RDGE-SCM” барои солҳои 2025–2026 ворид карда шаванд.
Ҷаласаи “RDGE-SCM/2025” то 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад ва интизор меравад, ки он ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии минбаъда миёни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувори инфрасохтори аэронавигатсионӣ мусоидат намояд.
                                                                           Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”