РУШДИ ПАРВОЗҲОИ ТРАНЗИТӢ ВА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

94
Бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва бо ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии солонаи гурӯҳи минтақавии ICAO оид ба такмили хатсайрҳои ҳавоии минтақаи шарқ таҳти унвони “RDGE-SSM/2025” баргузор гардида, то санаи 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.
Дар рӯзи дуюми ҷаласа намояндагони кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, КВҶ “Қазаэронавигатсия” ва Идораи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон, маълумоти муфассал ва таҳлилшудаи худро вобаста ба нақшаи фаъолияти стратегӣ ва дурнамои рушд то соли 2035 пешниҳод намуданд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ вусъат бахшидан ба ҳамкорӣ дар самти ташкил ва такмили самтҳои парвозҳои транзитӣ, коҳиш додани масофа ва вақт дар хатсайрҳои байналмилалӣ, инчунин беҳтар намудани бехатарӣ ва самаранокии истифодаи фазои ҳавоӣ мебошад.
Ҳамчунин, ҳар як кишвари иштироккунанда ҳисоботи муфассали худро доир ба ҳолати кунунии инфрасохтори авиатсионӣ, ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ ва ислоҳот дар ин самт ироа намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа намояндаи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) аз шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳлили муфассалро дар бораи раванд ва афзоиши ҷараёни парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд. Таъкид шуд, ки хатсайрҳои аз шаҳрҳои ҷанубу шарқии Чин, Ҷопон ва Корея равона ба кишварҳои Аврупо дар ҳаҷм ва аҳамияти стратегӣ босуръат рушд мекунанд, ки барои кишварҳое чун Тоҷикистон имкониятҳои нави иқтисодӣ ва техникӣ фароҳам меорад.
Баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон гувоҳи равшани нуфуз ва нақши рӯзафзуни кишвар дар низоми авиатсионии минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”