ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ ДАР МАСИРИ СИАН-ДУШАНБЕ-СИАН ОҒОЗ ГАРДИДАНД

Имрӯз парвозҳои мустақим дар масири Сиан-Душанбе-Сиан /Чин/ оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оғози парвозҳо дар ин масир дар доираи таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба роҳ монда шудааст.
Парвозҳо дар хатсайри Сиан-Душанбе-Сиан аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии чинии «Zhejiang Loong Airlines» ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки 21 августи соли 2025 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Точикистон Го Жиҷун баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанҷоу, инчунин мукаммал намудани парвозҳоро дар масири Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл байни шаҳрҳои Душанбе-Пекин ва Қошғар –Хуҷанд парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардида буданд.