Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
1 318

Чоп кардан

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Чин дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Маркази байналмилалии Мэйтсзян Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифтанд ва сипас аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо ва барномаи консертӣ баргузор шуд.

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбони Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд.

“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва азхудкунии иқтидори гидроэнергетикии кишвар андешаронӣ намуданд.

Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ муаррифӣ карда шуд.

Роҳбари давлат бо дарназардошти имкониятҳои муҳити табии Тоҷикистон, иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ  ва табобатӣ даъват намуданд.

Зимни таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм дар ҳама зуҳуроти он, инчунин бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз ба имзо расид, дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самтҳои зикршуда боз менамоянд.

Пешвои миллат аз роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” фаъолона пеш бурда мешавад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеъи устувор ва тағйрнопазири Тоҷикистонро дар самти ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъйид намуданд.

Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд.

Дар бахши фарҳанг тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ амри муҳим дониста шуд.

Дар ин зимн аз шарикон даъват карда шуд, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои обӣ, иқлим ва рушди устуворро пеш мебарад, аз ҷумла майдонҳои байналмилалии “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро рушд медиҳад.

Пешбурди ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” идомаи тадбирҳои башардӯстонаи кишвари мо номида шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои “Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай”, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.

Аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

     

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарияти кишвари мизбон барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ва дар доираи созмон фароҳам овардани имкони хуби баррасии масоили ҳамкорӣ изҳори сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкории гуногунҷанба андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намуданд.

Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай-плюс тадбирҳои то имрӯз анҷомдодаи Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо расонда шуд.

Даъват карда шуд, ки бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкории муштарак тақвият дода шавад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамаи кишварҳо ва созмону ниҳодҳои минтақию ҷаҳонии алоқамандро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.

 

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амну субот ва густариши робитаҳои судманди байнидавлатӣ саҳми худро мегузорад.

Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад.

Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони ду кишвар, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологӣ (Data center), таҳкими амнияти киберӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ аз самтҳои дигари ҳамкории стратегӣ номида шуд.

Ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика низ аз масъалаҳои авлавиятнок буд.

Тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника ва сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Таъкид гардид, ки дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳар ду кишвар мавқеъи ҳамсон доранд.

Мулоқот дар фазои дӯстиву самимият ҷараён гирифт.

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро дар маҳалли баргузории чорабинӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин самимона истиқбол гирифтанд.

Қабл аз иштирок дар гузашти бошукуҳи низомӣ маросими аксбардории хотиравии сарони давлатҳо баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои 26 давлат ширкат варзиданд.

Дар тамошогоҳи маҳалли баргузории чорабинӣ як гурӯҳ қаҳрамонону собиқадорони ҷанг низ дар мақоми ифтихорӣ қарор доштанд.

Дар расми пуршукуҳи низомӣ, ки ба таври камназир ва бесобиқа омода шуда буд, ҷузъу томҳои қувваҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин, инчунин шумораи зиёди техникаи муосири ҳарбӣ аз воҳидҳои мухталифи артиши ин кишвар иштирок намуданд.