Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОЁ ЗЕҲНИ СУНЪӢ (AI) МЕТАВОНАД ФАЗОРО ЗАБТ НАМОЯД? ОЯНДАИ САРНИШИНОН ДАР АВИАТСИЯ

ОЁ ЗЕҲНИ СУНЪӢ (AI) МЕТАВОНАД ФАЗОРО ЗАБТ НАМОЯД? ОЯНДАИ САРНИШИНОН ДАР АВИАТСИЯ
244

Чоп кардан

Зеҳни сунъӣ (AI) босуръат ба соҳаҳои гуногун ворид гардида, таъсири худро мегузорад ва соҳаи авиатсия низ аз ин раванд истисно нест. Вобаста ба ин тамоюл саволе ба миён меояд: “Оё зеҳни сунъӣ метавонад сарнишин-инсонро иваз намояд?” Имрӯз саноати авиатсия технологияҳои сунъиро ҷорӣ намуд, ки ба такмили банақшагирии парвозҳо, ба тартиб даровардани назорати ҳаракати ҳавоӣ ва беҳтар намудани амалиёти экипаж дар кабина равона шудаанд. Новобаста ба ин, мафҳуми парвози комилан автономӣ – парвози ҳавопаймо бидуни инсон то ҳол мураккаб ва баҳсбарангез боқӣ мемонад.

Дар амалиёти парвозҳо, системаҳои автомати аллакай дар нигоҳ доштани баландӣ, пайравии хатсайри қаблан барномарезӣшуда ва фуруд омадан дар ҳолати биниши бад ҷорӣ гардидааст. Системаҳои мазкур аллакай тавассути AI такмил ёфтаанд, ки самаранокӣ ва ҳамгироиро беҳтар менамояд.

Дар ин замина ширкати Airbus, ки дар ҷорӣ намудани навовариҳои авиатсия пешқадам мебошад, лоиҳаи таксии идоракунии автономии парвозу фуруд (Autonomous Taxi, Take-Off, and Landing (ATTOL)-ро татбиқ намуд, ки лоиҳа ҳанӯз дар марҳилаи санҷиши қарор дошта, ATTOL иқтидори зеҳни сунъиро барои идора намудани марҳилаҳои муҳими парвоз бо дахолати ҳадди аққали инсон нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҳатто ин системаҳои пешрафта ба сарнишинон такя менамоянд. Яъне ҳангоми ба амал омадани ҳодисаҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла тағйироти ногаҳонии обу ҳаво, нокомии техникӣ дахолати сарнишинонро талаб менамояд. 

Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ як соҳаи дигарест, ки AI метавонад таъсири мусбии худро ба соҳа расонад. Шумораи парвозҳо ва масирҳои нав афзоиш ёфта, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дақиқ ва суръати баландро тақозо менамояд. Дар соли 2024 Маъмурияти федеролии авиатсияи ИМА (FAA) нақшаи истифодаи зеҳни сунъиро барои идоракунии ҳаракати ҳаво эълон кард, ки ҳадафи он баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии тамоми системаи миллии фазои ҳавоии ИМА мебошад.

Сарфи назар аз таъсири мусбии он, AI пеш аз он ки курсии сарнишинро ишғол кунад, бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Ин мушкилоти технологӣравонӣқонунӣ ва бехатариро фаро гирифта, ҷорӣ намудани авиатсияи комилан автономиро зери шубҳа мегузорад.

Аз нуқтаи назари технологӣ, AI ҳанӯз омода нест, ки маҷмӯъи пурраи ҳолатҳои ҳангоми парвоз ба миён омадаро иҷро намояд. Натиҷаи тадқиқоти олимони Департаменти аэронавтикаи Донишкадаи технологии Массачусет дар соли 2024 нишон дод, ки новобаста аз бартарии зеҳни сунъӣ дар ҳолатҳои пешбинишаванда, AI дар ҳолатҳои пешгӯинашаванда, ба монанди аз кор мондани муҳаррик ҳангоми тӯфон ё фуруд омадани фавқуллода дар минтақаи маҳдуд ба нокоми дучор мешавад. Ин тасдиқи он мебошад, ки AI тибқи барномаи ҷоришуда фикрронӣ намуда, ҳамчун як асбоб боқи мемонад. Аммо дар ҳолатҳои мураккабтарин ба инсон такя намудан, исботи он мебошад, ки зеҳни сунъӣ воситаи ҳалли мушкили нест.

Монеаи дигари ҷорӣ намудани пурраи AI ин заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад. Қонунҳои ҷории авиатсия, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) таҳия шудаанд, барои сарнишинон – инсон тарҳрезӣ гардида, нақш, масъулият ва талаботҳои сертификатсияро муайян менамоянд, ки ба мошинҳо дахл надоранд. Мутобиқсозии ин қоидаҳо ба AI таҷдиди ҷиддиро тақозо менамояд, яъне аз нав навиштани стандартҳо, бознигарии системаҳои масъулият ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои мухталифи миллӣ. Ҳоло FAA ва ICAO ин тағйиротҳоро тадқиқ менамоянд, ки то ҳол ба пешравӣ муваффақ нашуданд.

Бехатарии киберӣ ҳамчун як мушкилии ниҳоии даҳшатовар ба ҳисоб меравад. Ҳавопаймоҳои бо AI идорашаванда, таҳти ҳадафи асосии хакерҳо мебошанд, ки ин омил метавонад ба фоҷеаҳои бузург дар авиатсия оварда расонад. Муҳофизати қавӣ, аз қабили каналҳои бехатар, мониторинги доимӣ ва системаҳои эҳтиётӣ муҳиманд, вале ҳеҷ як система наметавонад комилан бехатар бошад.

Боварии мусофирон боз як мураккабиро илова мекунад. Тадқиқотҳо ба монанди назарсанҷии “Pew Research” дар соли 2023, нишон дод, ки мусофирон ба сарнишинон-инсон бисёртар эътимод доранд. Ғояи бовар намудани ҳаёт ба як алгоритм ё мошина бисёриҳоро асабонӣ намуда, як нокомиро дар соҳаи авиатсия ба миён оварда, метавонад эътимоди мусофиронро аз байн барад.

Парвози тиҷоратии комилан мустақил дар ояндаи наздик пешбинӣ намегардад. Зеро норасоиҳои технологӣ хеле зиёданд, монеаҳои танзимкунанда хеле баланд, эътимод хеле нозук ва хатарҳои бехатарии киберӣ хеле воқеӣ мебошанд. Ба ҷои ин, зеҳни сунъӣ (AI) сарнишинонро пурра намуда, кори онҳоро беҳтар менамояд, на халалдор. Ин мағлубияти раванди автоматикунонӣ нест, балки ғалабаи ҳамкорӣ аст - эътироф кардани он, ки натиҷаҳои беҳтарин аз фаъолияти муштараки инсон ва мошинҳо ба даст меоянд.

Сарнишинон ва мутахассисони авиатсия бояд ба AI на ҳамчун таҳдид, балки ҳамчун шарик назар кунанд. Аз пешгӯии эҳтиёҷоти нигоҳдории техникӣ то такмил додани қарорҳо дар раванди парвоз, зеҳни сунъӣ метавонад малакаҳои онҳоро боз ҳам баланд бардошта, ҳаҷми корро коҳиш дода, парвозро боз ҳам бехатар намояд. Бо рушди технология, ин шарикӣ амиқтар гардида, кафолат медиҳад, ки авиатсия дар ҷаҳони доимо тағйирёбанда самаранок, мутобиқшаванда ва бехатар аст.