Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ МЕАФЗОЯНД

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ МЕАФЗОЯНД
716

Чоп кардан

Санаи  7 августи соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Назарзода Ҳабибулло Темур бо директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия Кемал Юксек ва роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии “Туркиш Эйрлайнз”, “Анадолу Ҷет” ва “Пегасус Эйрлайнз” баргузор гардид. 
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ифтитоҳи парвозҳо дар самтҳои Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд, Анталия-Душанбе (дар мавсими тобистон), инчунин зиёд намудани шумораи парвозҳо дар самти Истанбул-Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуданд. 
Зимни вохӯрӣ директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия иброз доштанд, ки вобаста ба аудити дар пеш истодаи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) омодааст, ки дар масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонии равандҳо ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамкорӣ менамоянд. Боварӣ дорем, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.