СОХТМОНИ АВВАЛИН КОРХОНАИ СӮЗИШВОРИИ БИОЛОГӢ ДАР КОРЕЯ

Ширкати кимёвии Кореяи Ҷанубӣ “LG Chem” ва ширкати “Enilive”-и Италия сохтмони аввалин корхонаи истеҳсоли сӯзишвории дизелии барқароршаванда (Hydrotreated vegetable oil) ва сӯзишвории авиатсионии устувор (Sustainable Aviation Fuel)-ро шурӯъ намуданд. Анҷоми корҳои сохтмонӣ то соли 2027 ба нақша гирифта шуда, қарор аст, ки корхона дар як сол ҳудуди 400 ҳазор тонна ашёи хоми биогении аз ҷиҳати экологӣ тозаро коркард менамояд.
“Тавассути рушди инноватсия дар соҳаи сӯзишвории барқароршаванда ва захираҳои биологии хом, аз қабили HVO, мо ҳадафи рақобатпазирии ҷаҳонии худро тақвият бахшида, эҳтиёҷоти тағйирёбандаи мизоҷони худро самаранок қонеъ менамоем”, – изҳор намуд Шин Ҳак-чхол директори генералии ширкати “LG Chem”.
“Борои ноил шудани ҳадафи мо, яъне то соли 2030 баланд бардоштани иқтидори коркарди биологии зиёда аз 5 миллион тонна дар як сол ва иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2 миллион тонна SAF дар як сол корхонаҳои аллакай мавҷуда дар Италия ва ИМА, инчунин корхонаҳои нави сохташавандаи коркарди биологӣ дар Италия, Малайзия ва Корея мусоидат хоҳад намуд”, – қайд намуд Стефано Баллиста директори генералии ширкати “Enilive”.
Тибқи пешгӯии мутахассисон, дар натиҷаи афзоиши талабот ба сӯзишвории барқароршаванда, минбаъд талабот ба сӯзишвории HVO ва SAF афзоиш меёбад.
Пас аз ба истифода супоридани корхона, сӯзишвории HVO ва SAF тавассути гидрогенизатсияи равғанҳои растании аз ҷиҳати экологӣ тоза, равғани истифодашудаи растанӣ, аз чумла равғани хӯрок (UCO) ва дигар партовҳо бо истифода аз технологияи Ecofining, ки аз ҷониби ширкати “Eni” ва “Honeywell UOP” таҳия шудаанд, истеҳсол карда мешаванд. Бо дарназардошти тамоми занҷираи арзиши маҳсулот, партобҳои газҳои гулхонаӣ (GHG) аз HVO ва SAF дар муқоиса бо сӯзишвории анъанавии истихроҷшаванда ба таври назаррас коҳиш меёбанд.