Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАБДИЛ ДОДАНИ НУРИ ОФТОБ БА СӮЗИШВОРӢ

ТАБДИЛ ДОДАНИ НУРИ ОФТОБ БА СӮЗИШВОРӢ
15

Чоп кардан

Тавассути дастрас намудани аввалин қисмати “сӯзишвории офтобӣ”-и ширкати “Synhelion”, “Swiss International Air Lines (SWISS)” аввалин ширкати ҳавопаймоӣ гардид, ки ҳангоми парвоз аз сӯзишвории офтобӣ истифода менамояд. 

Бо мақсади истеҳсол намудани сӯзишвории офтобии авиатсионӣ, ширкати “Synhelion” маҳсулоти хоми синтетикии нафтиро аз иншооти истеҳсолии “DAWN” ба корхонаи коркарди нафт дар шимоли Олмон интиқол дода, дар он нафти бо истифода аз энергияи офтоб истеҳсолгардида, ба сӯзишвории авиатсионии сертификатсияшуда коркард карда мешавад. Сипас маҳсулоти омода ба инфрасохтори идоракунии парвозҳои ширкати “SWISS” тавассути системаи таъминоти сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Гамбург интиқол дода шуд.

“Ҷорӣ намудани “сӯзишвории офтобӣ” барои фаъолияти ширкати “SWISS” як “марҳилаи воқеӣ” мебошад. Интиқоли ибтидоии 190 литр нафти хоми синтетикӣ тақрибан 7% сӯзишвориро барои парвоз аз Гамбург ба Сюрих ташкил медиҳад. Новобаста, аз ҳаҷми ками маҳсулоти таҳвилгардида, иқдоми мазкур қобилиятнокии технологияи ширкати “Synhelion” ва қобилияти пайвастани сӯзишвориро ба равандҳои коркарди мавҷуда тасдиқ менамояд”, – изҳор намуд директори генералии ширкати “SWISS” Йенс Фехлингер. 

Истифодаи сӯзишвории офтобӣ дар авиатсияи гражданӣ таҷрибаи аввалин буда, мувофиқи маълумоти “Synhelion” сӯзишвории офтобӣ метавонад партовҳои CO2-ро дар муқоиса бо сӯзишвории истихроҷшаванда то 99% коҳиш диҳад. Ҳамзамон сӯзишвории офтобӣ аз ҳама камхарҷ барои тавлиди сӯзишвории синтетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар раванди истеҳсоли сӯзишвории авиатсионӣ энергияи офтоб ба гармии барои синтези карбогидридҳо зарурӣ табдил ёфта, дар натиҷа карбогидридҳои моеъ бо 7-26 атомҳои карбон ба вуҷуд меоянд, ки онҳо талабот ба сӯзишвории авиатсионӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Дар соли 2024 аввалин корхонаи истеҳсолии сӯзишвории офтобӣ DAWN ба истифода супорида шуд, ки дар он сӯзишвории офтобӣ, аз ҷумла керосини авиатсионӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ истеҳсол мегардад. Роҳандозии истеҳсоли сӯзишвории офтобӣ аз ҷониби ширкатҳои “Synhelion” ва “SWISS” ба ҳадафи ҳадди аққал 70% коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ дар муқоиса бо сӯзишвории анъанавии истихроҷшаванда равона шудааст.