Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
11

Чоп кардан

Ҳавопаймои “Alpha Jet”-и Нерӯҳои ҳавоии Марокаш ҳангоми машқи тамринӣ суқут намуд, ки дар натиҷа ҳарду сарнишинон ҳалок шуданд. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо аз пойгоҳи ҳавоии Мекнес парвоз намуда, ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Фес-Сайс суқут кардааст.

***

Ширкати ҳавопаймои Федератсияи Россия “Аэрофлот” субҳи 28-уми июли соли 2025 дар бораи нокомии системаи иттилоотӣ (IT)-и худ хабар дод, ки дар натиҷа 54 адад парвозҳои ширкат лағв гардиданд, аз ҷумла миёни Москва-Минск, Ереван, Остона, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон ва дигар шаҳрҳо. Ширкати ҳавопаймоӣ инчунин аз мусофирони парвозҳои лағвшуда хост, ки бо мақсади пешгирӣ аз тамбашавӣ дар фурудгоҳ, бағоҷи худро гирифта Фурудгоҳи Шереметоворо тарк намоянд. Дар ин замина хакерони гурӯҳи “Silent Crow” қатъи системаи иттилоотии ширкати “Аэрофлот”-ро бар дӯш гирифтанд. Дар изҳороти онҳо омадааст, ки хакерон дар тӯли як сол дар дохили шабакаи корпоративии ин ширкат қарор дошта, тавонистанд, ки “маҷмӯи пурраи махзани таърихи парвозҳоро дарёфт ва зеркашӣ намоянд”, инчунин ба компютерҳои кормандон, аз ҷумла, роҳбарон, сабтҳои аудиоии сӯҳбатҳо ва системаҳои назоратӣ дастрасӣ пайдо намудаанд.

***

Ширкати “Swiss” истифодаи сӯзишвории реактивиро, ки тавассути нерӯи офтобӣ истеҳсол гардидааст, оғоз намуд. Аввалин таҳвил аз ҷониби ширкати “Synhelion” амалӣ гардид.

***

15-уми июли соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” сертификати иловагии CAAC-ро барои системаи намоиши визуалии барои симулятори пурраи парвози S76/S92 гирифт.

***

14-уми июли соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” ба парки боркашони худ як ҳавопаймои нави Boeing 777F-ро таҳвил намуд, ки шумораи умумии ҳавопаймоҳо ба 12 адад афзоиш ёфт.

***

Аввалин ҳавопаймои омӯзишии G120TP Astra II-и Канада нахустин парвози худро анҷом дод.

***

Бо мақсади харидории ҳавопаймоҳои C919, ширкати навтаъсиси Ҷумҳурии Исломии Покистон “Air Karachi” бо Корпоратсияи Тиҷорати Ҳавопаймоҳои Чин (COMAC) музокира менамояд.

***

Ширкати “United Airlines” бо ширкати “Dubai Aerospace Enterprise (DAE) Ltd” Созишнома оид ба фурӯш ва иҷораи 10 адад ҳавопаймои Boeing 737 MAX 9-ро имзо намуд.

***

Бо мақсади таҳкими робитаҳо ва беҳтар намудани парвози ҳавоӣ дар саросари Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ ширкатҳои “Kenya Airways” ва “Air Tanzania” Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд.

***

Дар натиҷаи норасоии маблағҳои буҷавӣ ширкати “Spirit Airlines” изҳор намуд, ки тақрибан 270 сарнишинонро ба рухсатии бемузд равона намуда, 140 нафарро ихтисор менамояд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Simply Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines, CNN, Aerospace Global News)