Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ
189

Чоп кардан

23-юми июли соли 2025 нишасти матбуотӣ оиди фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо иштироки сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Сомон Эйр”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оид ба роҳандозии сиёсати “фазои боз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи хатсайрҳо ба масирҳои нав, таъмини хизматрасонии сатҳи баланди аэронавигатсионӣ, мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии ширкатҳои ватанӣ ва фурудгоҳҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ, афзоиш додани парвозҳои транзитӣ, интиқоли ҳавопаймоҳои нав ва фаъолиятҳои корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ин замина бояд зикр намуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ин давра татбиқи лоиҳаи “Низоми навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN)” дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба пуррагӣ анҷом дода, танзимгарони ҳаракати ҳавоии корхона бо истифода аз муқарраротҳои дахлдори парвоз, сатҳу сифати таъмини хизматрасонии аэронавигатсиониро баланд бардоштанд.

Дар фарҷом роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба хабарнигорон ибрози сипос намуда, изҳори вусъат додани ҳамкории минбаъада намуд.

   

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”