ҲАНГОМИ ПАРВОЗ ИНСОН ЧӢ ҚАДАР ОБРО ИХРОҶ МЕНАМОЯД?

Саёҳати ҳавоӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир гардида, имкон медиҳад, ки дар тӯли чанд соат масофаҳои дур тай гардад. Дар ҳоле, ки мусофирон аксар вақт диққати худро ба роҳат ва ҳаяҷонбахшии саёҳат равона намоянд, як ҷанбаи ҷолибе ҳаст, ки бисёриҳо аз он огоҳ нестанд. Яъне ҳангоми парвози муқаррарӣ организми инсон кариб 8 фоизи обро ихроҷ менамояд. Инчунин ҳангоми парвозҳои тӯлонӣ, деградатсия метавонад ба тромбоз оварда расонад. Бинобар ин пеш аз парвоз, ҳангоми парвоз ва баъд аз фуруд нӯшидани об муҳим аст.
Тибқи натиҷаи таҳлилҳое, ки дар маҷаллаи “Aerospace Medicine and Human Performance” дар соли 2015 нашр гардид, мусофирон ҳангоми парвоз ба ҳисоби миёна 1,5 литр обро аз даст додаанд, ки тақрибан ба ҳашт фоизи оби бадани инсон баробар аст. Дар тадқиқоти мазкур вазъи ҳолати 48 мусофир дар тӯли парвоз дар давоми 10-соат арзёбӣ гардидааст.
Беобӣ: Намии пас дар дохили ҳавопаймо яке аз сабабҳои асосии беобӣ ҳангоми парвоз мебошад. Ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ одатан сатҳи намиро аз 10 то 20 фоиз нигоҳ медоранд. Нишондоди мазкур аз 30 то 60 фоиз, ки мо дар замин эҳсос мекунем, хеле кам мебошад. Ин боиси зиёд ихроҷ шудани об аз бадани инсон мегардад.
Таъсири баландӣ: Вақте инсон ба баланди мебарояд, фишори пасти ҳаво боиси истеъмоли зиёди оксиген мегардад. Дар натиҷаи ин ҳолати физиологӣ афзоиши суръати нафаскашӣ ба миён омода, дар навбати худ боиси талафоти бештари об дар ҳар як нафас мегардад.
Коҳиши ҳаракат: Мусофирон аксар вақт дар давоми парвозҳо муддати тӯлонӣ менишинанд, ки ин метавонад гардиши хунро халалдор намуда, боиси афзоиши нигоҳ доштани об дар бофтаҳо гардад.
Тадқиқот инчунин натиҷаи беобиро ҳангоми парвоз ба саломатии инсон омӯхт, ки натиҷаи он хушкии пӯст, хушкии чашмон, нороҳати дар бинӣ, хастагӣ ва хатари зиёд шудани лахтаҳои хун мебошанд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли об пеш аз парвоз, ҳангоми парвоз ва баъд аз парвоз метавонад оқибатҳои манфиро коҳиш диҳад. Аз ин лиҳоз мусофирони азиз истеъмоли обро пеш, ҳаноми ва баъд аз парвоз фаромуш накунед!