Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҚВИЯТИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР ФОСИЛАИ ҲИСОБОТӢ

ТАҚВИЯТИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР ФОСИЛАИ ҲИСОБОТӢ
50

Чоп кардан

“Бо мақсади рушди ҳамаҷониба, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, модернизатсияи базаи моддиву техникии корхона ва гузариш ба низомҳои нави хизматрасонии байналмилалии муосир КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст. Татбиқи бомуваффақияти “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқ намудани Навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо агентӣ, JICA ва гурӯҳи мушовирони IATA, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад”, – зикр намуд  Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷонзода, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар вохӯрии роҳбарият ва кормандони корхона бо директори Агентии авиатсия граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур, ки санаи 15-уми июли соли 2025 дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид. Дар ҷорабини мазкур, ки фаъолияти корхона дар шаш моҳи аввали соли 2025 таҳлил гардид, иттилоъ дода шуд, ки корхона бо созмон ва ташкилотҳои гуногуни байналмилалии соҳавӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ мунтазам фаъолиятро пеш бурда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо шарикони рушд роҳандозӣ менамояд.

 

Натиҷаи ин иқдомҳо, ташкил ва баргузории вохӯрии роҳбарияти корхона бо намояндагони воломақоми Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, баргузории 6-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоии миёни намояндагони воломақоми соҳаи Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, мулоқот бо намояндагони авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қирғизистон ва имзои Созишнома миёни Марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбеи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Оши КД “Қирғизаэронавигатсия” мебошад.

 

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои корхона дар фурудгоҳҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба 26 259 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонид, ки ин нишондод 7120 адад ё ин ки 21,4% камтар нисбат ба ҳамин фосилаи соли 2024 мебошад.  Дар ин фосила теъдоди парвозҳои транзитӣ 15 167 ададро ташкил дод, ки 6871 адад, ё ин ки 31% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани нишондодҳо дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ин марбут ба кам гардидани иҷроиши парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба шумор меравад.

Дар фосилаи ҳисоботӣ тибқи нақшаҳои корӣ бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ва боло бурдани сифати хизматрасониҳои пешкашшаванда корҳои зиёди фаннӣ, аз ҷумла дастрас гардидани радиостансияи Rohde&Schwarz, баъд аз таъмир дар корхонаи тавлидгар (Олмон), насби мачтаи антеннавии баландиаш 25 метр дар объекти Маркази қабули мавҷҳои ёрирасон, азнавсозии таҷҳизотҳои бисёрканалаи сабти маълумотҳои технологии СМАРТ дар филиалҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба роҳ монда шуд.

 

Ҳангоми суханронии худ, Назарзода Ҳабибулло Темур нақши калидии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар сатҳи зарурӣ, мутобиқи меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи ва аэронавигатсия, ҳамчунин васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо таъкид намуд. 

 

Дар идомаи вохӯрӣ зикр гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати банақшагирию ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавои ҷумҳурӣ, баҳри таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ, афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо, такмили донишу малакаи мутахассисон чораҳои заруриро татбиқ менамояд.

Дар фарҷом фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шашмоҳаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид.

     

                                                                                   Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”