Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
43

Чоп кардан

Ширкати “Nordwind Airlines” то охири соли ҷорӣ парвозҳои мустақимро аз шаҳри Тюмен ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд роҳандозӣ менамояд.

***

Аз 1-уми июли соли 2025 то 30-юми июни соли 2026 шаҳрвандони Федератсияи Россия имкони вуруди бидуни раводидро ба муддати то 30 рӯз ба Мянмар доранд.

***

27-уми июли соли 2025 ширкати “Nordwind Airlines” аввалин парвозро аз Москва ба Пхенян амалӣ менамояд.

***

Аз 18-уми июли соли 2025 Уммон ва Федератсияи Россия низоми раводидро миёни ҳарду кишвар лағв намуданд, ки ин ба шаҳрвандони ҳарду кишвар будубоши бидуни раводидро то 30 рӯз имкон медиҳад.

***

Аз 25-уми июли соли 2025 ширкати “Red Wings” парвозҳоро аз Махачқалъа ба Шарм-уш-Шайх оғоз менамояд.

***

Дар Ёқутистон интиқоли нахустин бор тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин оғоз гардид, ки то 10 кг борро дар муддати то 15 дақиқа интиқол медиҳад. Ҳавопаймои бесарнишин масофаи 12 километрро бо суръати то 60 км/соат тай менамояд.

***

Ширкати “NtechLab” таҳлили видеоиро дар асоси зеҳни сунъӣ барои фурудгоҳҳо таҳия намуд, ки риояи қоидаҳои бехатариро аз ҷониби мусофирон назорат намуда, онҳоро аз ворид шудан ба минтақаҳо ё ҳолатҳои хатарнок муҳофизат мекунад.

***

Дар вилояти Магадан як чархболи Ми-8 бо 5 нафар нопадид шуд.

***

Дар доираи сохтмони таваққуфгоҳ аз 14-уми июл то 25-уми декабри соли 2025 ҳаракати нақлиёт ба фурудгоҳи Внуково маҳдуд меградад.

***

Дар Финляндия кормандони соҳаи авиатсия пешниҳоди сеюми давлатиро қабул намуданд. Дар натиҷа корпартоии кормандони соҳа, ки аз 16-ум то 27-уми июли соли ҷорӣ пешбинӣ гардида, лағв мегардад. Шартномаи меҳнатии коллективи 1,5 сол амалӣ гардида, 15-уми январи соли 2027 ба охир мерасад.  Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи корпартоии кормандони соҳаи авиатсия дар давоми якчанд моҳ боиси лағви беш аз 1,2 ҳазор парвози ширкати “Finnair” гардид.

***

Бо мақсади расман роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ширкатҳои “China Southern Airlines” ва “Vietnam Airlines” созишномаи ҳамкориро имзо намуданд.

***

11-уми июли соли 2025 ширкати “United Airlines” парвозҳоро миёни фурудгоҳи Наритаи Токио ва Каосюнги Тайван оғоз намуд. Ҳамзамон ширкат барқарор намудани парвозҳоро аз Ҳонконг дар охири соли ҷорӣ пешбинӣ менамояд.

***

10-уми июли соли равон ширкати “Ethiopian Airlines” парвози аввалинро аз Аддис-Абеба ба Ханой амалӣ намуд.

***

12-уми июли соли 2025 ҳавопаймои Airbus A330-300-и ширкати “Delta Air Lines”, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Барселона Эл Прат ба Ню-Йорк парвоз менамуд, ба тӯфони жола рӯбарӯ шуд. Ҳавопаймо бомуваффақият дар фурудгоҳи Барселона фуруд омад. 

***

Тибқи иттилои ширкати “Wizz Air”, корхонаии фаръии он дар Абу-Даби, ки дар якҷоягӣ бо ширкати “Abu Dhabi Developmental Holding Company” (ADQ) таъсис ёфтааст, аз 1-уми сентябри соли 2025 фаъолияташро қатъ менамояд.

***

Бо мақсади роҳандозии ҳамкории мубодилаи рамзҳо ширкатҳои “ITA Airways” ва “Air Canada” созишнома имзо намуданд. Ҳамзамон татбиқи созишномаи ширкати “Turkish Airlines” ва “Airlink” оид ба мубодилаи рамзҳо аз 1-уми августи соли 2025 оғоз мегардад.

***

Хизматрасонии Wi-Fi-и ройгон дар ҳавопаймоҳои Boeing 777, Airbus A350 ва A321neo ширкати “Сhina Airlines” аз 1-уми августи соли 2025 дастрас мегардад.

***

Аз 23-юми июли соли 2025 ширкати “Centrum Air” парвозҳоро аз Самарқанд ба Сочи ҳафтае ду маротиба роҳандозӣ менамояд.

***

(Манбаъ: ООО “Вечерний Душанбе”, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, China Southern Airlines)