Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОЁ АНТАРКТИДА ФУРУДГОҲ ДОРАД?

ОЁ АНТАРКТИДА ФУРУДГОҲ ДОРАД?
30

Чоп кардан

Тааҷҷубовар аст, ки Антарктида, биёбони азими яхпӯш мебошад, ки тақрибан сокинони доимӣ надорад, аммо дар фазои он миқдори назарраси фаъолияти ҳавоӣ мавҷуд аст. Дар Антарктида ҳатто хатҳои парвозу фуруди мумфаршшуда мавҷуд нест. Аммо ба он ҷо ҳамеша ҳавопаймоҳо парвоз менамоянд. Хатҳои парвозу фуруд дар он ҷо дар минтақаҳое сохта шудаанд, ки барфи тоза ҷамъ намешавад. Дар натиҷа сатҳи табиатан сахтшуда ва ҳамвории аз ях иборат ба миён омада, барои фуруд омадани ҳавопаймо шароити мувофиқро муҳайё менамояд.

Парвозҳо ба қитъа асосан тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ ё ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳо, ташкилотҳои тадқиқотӣ ва операторони сайёҳӣ иҷора гирифта шудаанд, анҷом дода мешаванд. Имрӯз 11 кишвари дар минтақаи Антарктида ҳузур дошта, аз ҷумла Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Нидерландия, Норвегия, Федератсияи Россия, Финландия, Шветсия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҷопон, кӯшишҳо ва захираҳои худро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ барои сарфаи хароҷот ва ҳамоҳангсозии кори худ дар доираи лоиҳаи “Dronning Maud Land Air Network” муттаҳид намудаанд. Лоиҳа дар истгоҳи тадқиқотии Норвегия “Troll” бо хати парвозу фуруди худ асос ёфта, барномаи парвозҳоро аз Фурудгоҳи байналмилалии Кейптаун ба Африқои Ҷанубӣ мунтазам роҳандозӣ менамояд. Дар доираи барномаи мазкур ҳавопаймоҳои зиёд, мисли Ил-76, C-130 Hercules, P-3 Orion, Basler BT-67 ва ғайра парвоз мекунанд.

Дар Антарктида ягон фурудгоҳ вуҷуд надорад, ба ҷои он хатҳои парвозу фуруди муваққатӣ мавҷуданд, ки онҳоро мувофиқи дархост истифода намудан имконпазир аст. Тибқи иттилои сомонаи Википедия дар ин қитъа хати парвозу фуруд, майдони чархбол ва хати парвозу фуруди барфӣ мавҷуданд, ки дар умум шумораи онҳо 65 ададро ташкил медиҳад.

Барои сафари ҳавоӣ ба ин қитъа 3 роҳ мавҷуд мебошад. Роҳи аввал — ин “fly-over” — сафари якрӯза мебошад. Дуюмин — ин парвози стандартӣ “fly-in” ва сеюмин усули машҳуртарин — “fly-cruise” мебошад.

Бинобар дастрас набудани парвозҳои тиҷоратӣ ба Антарктида, сайёҳон ба операторони хусусии чартерӣ муроҷиат менамоянд.  Дар як сол камтар аз 500 нафар ба ин қитъа тавассути роҳи ҳавоӣ сафар менамоянд, ки парвозҳо аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Аргентина, Чили, Австралия ва Африқои Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Нархи чиптаҳо гуногун аст, аммо як экспедитсия бо парвоз беш аз 30 000 доллари ИМА арзиш дорад. Дар хотир бояд дошт, ки парвозҳо ба Антарктида нисбат ба парвозҳои муқаррарӣ хеле кам буда, аксар вақт бинобар сабаби вазъи обу ҳаво ба таъхир меафтанд.

Умуман, сарфи назар аз набудани парвозҳои тиҷоратӣ ба Антарктида, дар ҳарими ҳавоии қитъаи мазкур парвозҳо амалӣ мегарданд. Сафар ба ин қитъа раводид талаб намекунад. Аз ин рӯ танҳо бо пайдо намудани даҳҳо ҳазор доллари ИМА истироҳат дар ин қитъаи ҷанубии сайёраи Замин имконпазир мегардад.