Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЗАРБАИ РАЪДУ БАРҚ БА ҲАВОПАЙМО ҲАНГОМИ ПАРВОЗ

ЗАРБАИ РАЪДУ БАРҚ БА ҲАВОПАЙМО ҲАНГОМИ ПАРВОЗ
12

Чоп кардан

Парвоз дар баландиҳо як қатор мушкилиҳои худро дорост. Яке аз ҷиддитарин чунин мушкилӣ – зарбаи раъду барқ ба ҳавопаймо мебошад. Ҳавопаймоҳо барои тобоварӣ ба бисёр омилҳо тарҳрезӣ шудаанд, аммо раъду барқ – омили табии мебошад, ки ҳалли ҷиддии муҳандисиро талаб менамояд. 

Раъду барқ дар авиатсия ҳодисаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, тибқи омор ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ ҳадди аққал дар як сол як маротиба ба зарбаи раъду барқ рӯбарӯ мешаванд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар тарҳрезии ҳавопаймоҳо ин омил низ пешбинӣ гардидааст. 

Дар истеҳсоли ҳавопаймоҳо маводҳо ва тарҳҳои махсус истифода мешаванд, ки ба онҳо дар мубориза бо зарбаи раъду барқ ёрӣ мерасонанд. Аз ҷумла дар истеҳсоли қисмҳои берунаи ҳавопаймо аз алюминий ё дигар маводҳои зарурӣ истифода мешавад. Тарҳи сохти ҳавопаймо мисли Қафаси Фарадей тарҳрезӣ шудааст, ки дарунро аз майдонҳои электрикӣ ва электромагнитии беруна муҳофизат мекунад. Ҳамзамон қисмҳои асосӣ, аз ҷумла системаҳои сӯзишворӣ ва электронӣ, барои пешгирӣ намудани осеб аз зарбаи раъду барқ мусоидат менамояд.

Илова бар ин сарнишинон ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ низ ба маълумотҳои обу ҳаво ҷиддӣ муносибат менамоянд. Бо мақсади пешгирии бархӯрд бо раъду барқ экипажи ҳавопаймо пеш аз парвоз шароити обу ҳаворо бодиққат назорат менамоянд. Дар ҳолати зарурӣ сарнишинон масирро иваз менамояд. Баъзан иваз намудани сатҳи баландӣ метавонад ба сарнишинон ба пешгирии радъу барқ кӯмак намояд.

Бо мақсади омода намудани ҳайати экипаж ба зарбаи радъу барқ, онҳо омӯзонида мешаванд. Бештари вақт, ҳангоми бархӯрд бо чунин ҳолати табии ҳавопаймо бидуни ягон мушкилии ҷиддӣ парвозро идома медиҳад. ҳамзамон системаҳои махсус дар ҳавопаймо тарҳрезӣ шудаанд, ки сарнишинонро дар мавриди нокомӣ огоҳ менамоянд.