Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
13

Чоп кардан

Ширкати “Air Astana” дар маросими “World Airline Awards 2025”, ки дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавоии Париж Ле Бурже баргузор шуд, якчанд ҷоизаи бонуфузро ба даст овард. Аз ҷумла чордаҳум бор мақоми “Беҳтарин ширкати ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ ва ИДМ” ва бори нӯҳум ҷоизаи “Беҳтарин хадамоти дохилии ҳавоӣ дар минтақа” сазовор гардид. инчунин ширкати “FlyArystan” бори сеюм бо ҷоизаи “Беҳтарин ширкати ҳавопаймоии камхарҷ дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ” сазовор гардид.

***

25-уми июни соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” расман хатсайри мустақимро ба Алма-Ато оғоз намуд, ки парвоз дар як ҳафта се маротиба дар масири Гуанчжоу-Алма-Ато амалӣ мегардад.

***

25-уми июни соли 2025 ширкати “Air Premia” ширкати ҳавопаймоии гибридии Кореяи Ҷанубӣ, ҳаштумин ҳавопаймои худ Boeing 787-9 Dreamliner-ро дастрас намуд.

***

28-уми июни соли 2025 дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво ва тӯфон фаъолияти манораи муназзимии Фурудгоҳи байналмилалии Ҳартсфилд-Ҷексон Атланта (ATL) муваққатан қатъ гардида, танзимгарон эвакуатсия шуданд. Ҳолати мазкур боиси таъхири 558 парвоз гардид.

***

Ширкати саноатии “Eurojet” қарордодро имзо намуд, ки тибқи он то 54 адад муҳаррики EJ200 барои ҳавопаймоҳои Eurofighter, ки аз ҷониби Италия фармоиш дода шудааст, таъмин мегардад.

***

28-уми июни соли 2025 дар Примореи Федератсияи Россия ҳавопаймои ЗЛИН-142 суқут намуд, ки сарнишинони он ҳалок гардид. Ҳамзамон бар асари суқути ҳавопаймои Як-18 дар вилояти Москва чаҳор нафар ҳалок шуданд.

***

Дар натиҷаи корношоямии системаи идораи ҳаракати ҳавоӣ дар қисми шимолу ғарбии Италия беш аз 300 парвоз ба таъхир афтод.

***

 

 

 

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines, Air Astana)