Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПОЯИ УСТОВОРИ ДАВЛАТДОРИСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПОЯИ УСТОВОРИ ДАВЛАТДОРИСТ
64

Чоп кардан

Инсони Ватандусту меҳанпарвар шахсиятеро мегуянд, ки ба ин сарзамин ба ин меҳан, ба ин Ватан, ки ном Тоҷикистон аст меҳру садоқат дорад. Ҳар як шахсе, ки бо як зарра амали хеш барои пешрафту шукуфои ин миллату ин сарзамин талош меварзанд, инро садоқат ва арҷ гузоштан ба сулҳу Ваҳдати он ба Ватан меноманд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ, дар раванди шароити торафт мураккаб гардидани вазъи пурпечутоби пешгуйинашавандаи ҷомеяи зудтағирёбанда, ягона пешгири аз ҳама гуна хатару таҳдид ба Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ин пеш аз ҳама меҳру муҳабатти самими ва ватандустиву салоқатмандии шаҳравандони ин миллат ба Ватани худ, Тоҷикистони азиз мебошад.

Ҳамватанони азиз, вазъияти ба амаломадаи минтақа ва Ҷаҳони муосир бори дигар моро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси масъулият дар назди наслҳои имрӯз ва фардои Ватанро, садоқатмандона иҷро намоем. Моро зарур аст, ки насли навраси ин милату сарзаминро ба руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ ва ифтихор кардан аз ин давлату миллатро бедор намоем, танҳо дар ин ҳолат мо метавонем, дар мубориза ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳое, ки ҷавононро ба гумроҳӣ оварда мерасонад пешгири намоем, ягона роҳ мафкурасозии миллиро бояд дар зеҳну шуури ҷавонон тақвият дод.  

Бояд зикр намуд, ки Ваҳдат ва сулҳу суботе, ки дар ин кишвар ба даст омад, маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардид ва давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи қавии мардуми шарифи мамлакат дар муддати кӯтоҳ рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин гардид. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боис ба пароканда шудани миллат ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон 8 даврро дар бар гирифт, ки ба таври зайл аст:

Даври аввал: аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар ш.Маскав;

Даври дуюм: аз 18 то 28 июни соли 1994 дар ш.Теҳрон;

Даври сеюм: аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Покистон ш.Исломобод;

Даври чорум: аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар ш.Алмаато;

Даври панҷуми бетанаффус, Ашқобод:

Марҳилаи аввал: аз 30 ноябр то 22 декабри соли1995;

Марҳалаи дуюм: аз 26 январ то 19 феврали соли1996;

Марҳилаи сеюм: аз 8 то 21 июли соли1996.

Даври шашум: 23 декабри соли 1996 дар ш.Маскав;

Даври ҳафтум: 26 феврал ва 8 марти соли 1997 дар ш.Маскав

Даври ҳаштум: 22 ва 28 майи 1997 дар ш.Теҳрон «Протокол оид ба кафолати амалигардонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Тавре Роҳбари давлат зикр намуданд, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расондем.

Ҳамин тавр, 28 сол пеш, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ Гард Меррем «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд ва аз он рӯз Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд, ки ин рузро ҳамчун рузи Ваҳдати миллӣ мо ҷашн мегирем.

Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор номгӯи нопурраи дастовардҳои назарраси ин марҳила мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Хулоса чи бояд кард, ки Ваҳдати миллиро устувор нигоҳ дошт;

1.Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ

Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърих, фарҳанг ва забони миллӣ.

Тарғиби арзишҳои миллӣ дар байни наслҳои нав.

 2. Таҳаммул ва эҳтироми якдигар

Пешгирии тафриқа ва кинаву адоват, душмании дохилӣ аз рӯйи минтақа, миллат, мазҳаб.

Тарбия кардани рӯҳияи ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа.

 3. Муколама ва гукфтугӯ кардан ба ҳама қишри ҷомеа 

Гӯш кардани фикру андешаҳои тамоми табақаҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон.

Эҷоди шароити муколама байни халқ ва давлат.

4. Таъмини адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Баробарии ҳама шаҳрвандон дар назди қонун.

Кам кардани нобаробариҳои иқтисодӣ ва имкониятҳо.

 5. Маориф ва огоҳсозии мардум

Омӯзиши аҳамияти ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

Баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ барои таҳкими ваҳдат.

 6. Мубориза бо таҳдидҳои иттилоотӣ ва тундгароӣ

Пешгирӣ аз таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро.

Рушди расонаҳои миллӣ барои ташвиқ ва ҳифзи арзишҳои ваҳдати миллӣ.

Дар воқеъ, сулҳ, субот ва Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии Ватани маҳубабон нерӯю суръати баланд бахшид ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро мутмаин аст, ки то вақте дар Кишвари азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, ҳеҷ кас ва ҳеҷ миллате  наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад. Мо имруз ифтихор аз он мекунем, ки фарҳанги сулҳи Тоҷикион дар арсаи байналмиллалӣ барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Чунки дар ягон давру замон таъриху тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрванди дар як мудати кутоҳ қатъ шуда бошаду ҷонибҳои даргир дасти дӯсти ба ҳам дода бошанд.

Ҳамкорони гиромиқадр аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳаммаи Шумо ва дар симои Шумо ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон рузи Ваҳдати Миллиро табрику таҳният намуда, орзуманди онам, ки парчами кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот ҳамеша парафшон бошад.

Рузи Ваҳдати Миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

           Урози Раҳмон 

Муовини сардори раёсати рушди

 КВД “Тоҷикаэронавигатсия”