Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАШНИ ВАҲДАТ: СИМОИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ, СУБОТ ВА ПЕШРАФТ

ҶАШНИ ВАҲДАТ: СИМОИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ, СУБОТ ВА ПЕШРАФТ
131

Чоп кардан

26 июни соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. 

 

Ин санаи сарнавиштсоз, ки рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик аст, ҳамасола бо эҳтироми хосса дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

Чорабиниро муовини якуми директори генералии корхона, Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи худ ва аз номи директори генералии корхона муҳтарам Лоиқ Бегиҷонзода бо ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт. Зимни суханронӣ ӯ таъкид кард, ки ба даст омадани ваҳдати миллӣ маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид ва имрӯз ба унвони арзиши муқаддас ва омили асосии пешрафти давлату ҷомеа эътироф шудааст.

 

Сипас Диловар Воҳидов, мушовири ҳуқуқии шуъбаи шартномаву ҳуқуқии корхона, бо суханони табрикотӣ баромад намуда, нақши сулҳро дар таҳкими ҳуқуқ ва фаъолияти босуботи корхона равшан сохт.

   

Барои ироаи маърӯза дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ, сухан ба Пайрав Ҳусенов, сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дода шуд. Мавсуф дар суханрониаш ба саҳми Пешвои миллат дар таъмини амнияти парвозҳо ва рушди инфрасохтори аэронавигатсионӣ ишора намуд.

   

Инчунин раиси Иттифоқи касабаи корхона Исроил Нуралиев суханронӣ намуда, аҳли толорро бо ин рӯзи сарнавиштсоз табрику таҳният гуфт. Ӯ дар баромади худ аҳамияти сулҳу суботро барои фаъолияти босуботи корхонаҳои стратегӣ, аз ҷумла соҳаи авиатсия таъкид намуда, Ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои Пешвои миллатро дар ин ҷода арзишманд хонд.

   

Дар идомаи чорабинӣ, Урози Раҳмон, муовини сардори Раёсати рушди корхона, доир ба дастовардҳои кишвар дар давоми 28 соли ваҳдати миллӣ андешаҳои муфид баён намуда, нақши ваҳдатро дар рушду тавсеаи бахшҳои муҳими давлатӣ махсус таъкид кард.

Чорабинӣ дар фазои идона, бо ифтихор аз Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои соҳаи авиатсия анҷом ёфт.
   

  

          Маркази матбуоти

          КВД “Тоҷикаэронавигатсия”