Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ СОҲАИ АВИАТСИЯ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
88

Чоп кардан

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҳар як давлат ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ на танҳо меваи талошу заҳматҳои пайвастаи мардуми кишвар, инчунин, натиҷаи заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди мардум ва масъулияти таърихӣ ба саҳнаи сиёсии кишвар ворид гардид. Ӯ бо диди бузург, иродаи қавӣ ва тафаккури миллӣ тавонист тарафҳои мухталифро ба музокироти сулҳ даъват кунад.

Ҳамин тавр, санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад натиҷаи иродаи қавии мардуми тоҷик ва дипломатияи фарҳанги сулҳталошие буд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи таърихӣ расид.

Раванди музокироти сулҳ бо миёнаравии кишварҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Эрон, Русия ва дигарон сурат гирифт. Аммо пояи воқеии ин раванди муваффақона — шахсияти худи Эмомалӣ Раҳмон ва эътимоди ҷомеа ба ӯ буд.

Ташкили ҷаласаҳои муназзам, мулоқот бо мухолифин, сафар ба минтақаҳои ноором ва шахсан мусолиҳагардонии тарафҳо, Тоҷикистонро ба кишвари аввалине табдил дод, ки дар пасманзари ҷанги шаҳрвандӣ тавонист бо роҳҳои мусолиҳатомез сулҳи пойдор ба даст оварад. СММ ин таҷрибаро ҳамчун “модели тоҷикӣ” ба кишварҳои даргир тавсия дод.

Мудирони сиёсии Афғонистон, Яман, Либия ва ҳатто мақомоти Сурия бо эҳтиром ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон менигаранд. Ҳамзамон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сулҳофари асри 21 арзёбӣ мекунанд.

Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити мусоиди рушди инфрасохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ фароҳам омад. Аз ҷумла, яке аз соҳаҳое, ки ба шарофати ин дастовардҳо рушду густариши назаррас ёфт, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо эҳёи давлатдорӣ ва пуштибонии роҳбарияти олии кишвар, таърихи рушди аэронавигатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан навро аз 1 октябри соли 2008 оғоз намуд. Дар ин сана бо қарори дахлдор Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо роҳи ҷудо шудан аз ҳайати КВД авиатсионии “Тоҷик Эйр” таъсис ёфта, ҳамчун як ниҳоди мустақили соҳавӣ дар самти танзими ҳаракати ҳавоӣ ва хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ фаъолияташро оғоз кард. Таъсиси ин корхона дар марҳилаи пасоҷангӣ, маҳз дар фазои орому субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Дар он шароити душвор, ки инфрасохтори авиатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои назорати парвозҳо, фурудгоҳҳо ва низоми иртиботӣ дар ҳолати фалаҷ қарор доштанд, эҳёи соҳа танҳо ба шарофати сулҳи пойдор ва иродаи сиёсиву созандаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат ва барқарории Ваҳдати миллӣ, тадриҷан фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар таҷдид ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд.  Манораи муназзамии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

Ин манора, ки баландияш тақрибан 42 метр мебошад, бо таҷҳизоти муосири аэронавигатсионӣ аз кишварҳои аврупоӣ, ба хусус технологияи замонавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Лоиҳа дар чаҳорчӯби созишномаҳои сатҳи давлатӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса тарҳрезӣ ва татбиқ карда шуд. Манора бо тарҳи муосир ва тибқи стандартҳои байналмилалии ICAO бунёд шудааст.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, масъули идораи ҳаракати ҳавоӣ дар фазои Тоҷикистон мебошад, дар фазои сулҳу субот тавонист таҷҳизотҳои муосири навигатсионӣ, таҳкими шабакаи назорат ва омода кардани мутахассисони соҳибкасб, нуқтаҳои радио-иртиботӣ дар минтақаҳои муҳим фаъол гардонад. Ин корхона дар эҳёи авиатсияи миллӣ имрӯз на танҳо дар таъмини парвозҳои бехатар, балки дар муаррифии фазои ҳавоии Тоҷикистон ҳамчун масири боэътимоди минтақавӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Бо шарофати иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои ваҳдати миллӣ, имкон фароҳам омад, ки фазои ҳавоии Тоҷикистон ба масири боэътимоди транзитии минтақавӣ мубаддал гардад. Мақоми КВД “Тоҷикаэронавигатсия” на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ устувор гардид. Ин ниҳод имрӯз ҳамчун як бахши калидӣ дар таъмини амнияти ҳавоӣ, хизматрасонии аъло ба ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва рушди инфрасохтори авиатсионӣ эътироф мешавад.

Бидуни шак, ҳар як дастоварди ин корхона аз фазои ороми сиёсии кишвар, ҳадафмандии сиёсати давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла авиатсия, барои муаррифии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳон, афзоиши савдо ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ аҳамияти калидӣ дорад. Бо дастгирии мустақими роҳбарияти давлат, дар якчанд соли охир на танҳо инфрасохтор, балки пойгоҳи моддиву техникии ширкатҳои авиатсионӣ такмил ёфт, парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ афзоиш ёфтанд ва фазои ҳавоии кишвар ба як шоҳроҳи транзитии муҳими минтақавӣ табдил ёфтааст.

Бидуни Ваҳдати миллӣ, соҳаи муҳими ҳавонавардӣ, ки ба амният, устуворӣ ва эътимод такя дорад, наметавонист рушд намояд. Маҳз бо сиёсати сулҳҷӯёна ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон соҳиби инфрасохтори муосири авиатсионӣ, мутахассисони баландихтисос ва нуфузи афзоянда дар фазои ҳавоӣ гардидааст.

Ваҳдат арзиши муқаддас ва пойдор аст, ки бояд ҳамеша ҳифз ва пос дошта шавад, зеро он заминаи ҳама гуна пешрафт, амният ва озодии воқеии миллат мебошад.

          

 

            Ҳусниддин Холов 

  сардори Маркази матбуоти

 КВД “Тоҷикаэронавигатсия