ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД "Шаҳри ҳушманд"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» дар асоси нишондоди Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд” бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 майи соли 2019, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ, бобати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шудааст.
Бинои нав дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст ва дар он зиёда аз 200 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Дар ин бино барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст.
Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 чойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Тасмим аст, ки Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми калони маълумотро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад.
Маркази назоратӣ бошад, дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он 35 нафар оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори пойтахти кишварро таъмин менамоянд.
Китобхонаи барҳавою муҷаҳҳаз ва толори машқварзӣ барои кормандон аз имкониятҳои дигари иншооти нав ба ҳисоб меравад.
Аснои муаррифии тарҳу лоиҳаҳои тавассути корхона амалишаванда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад.
“Шаҳри ҳушманд”, ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад.
Таъкид гардид, ки ташкили “Иқтисоди рақамӣ”, “Нақлиёти ҳушманд”, “Тибби ҳушманд”, “Таълими ҳушманд”, “Рӯшноии ҳушманд”, “Иқтисоди сабз” (Шаҳри сабз), “Харитаи электронӣ” ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми “Шаҳри ҳушманд” роҳандозӣ шудааст.
Рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе насби сутунпояҳои алоқаи мобилӣ, амалисозии Лоиҳаи иҷтимоии Wi-Fi, тарҳи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он”, таҳияи “Харитаи электронӣ”, “Рақамикунонии соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе-«Нақлиёти ҳушманд»”, фаъолсозии “Шаҳри бехатар” ва ғайраҳо аз зумраи корҳоест, ки тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳоли иҷро қарор доранд.
Дар корхона барои анҷоми амалиётҳо тавассути технологияи иттилоотӣ беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷӣ буда, донандагони хубӣ забонҳои хориҷиву кор бо технологияи иттилоотӣ мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо имкониятҳои бинои наву замонавии КВД “Шаҳри ҳушманд” ва суҳбат бо мутахассиосни соҳа, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки ба хотири амалишавии самараноки лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати 15 моҳ ҷавобгӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида, барои 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бо тарҳи муосир ва харҷи 20 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шуда, дар вақти сохтмони он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.
Муассисаи тозабунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, машғул шудани онҳо бо бозиҳои гуногуни шавқовар ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар кӯдакистони нав 24 парастор ва кормандони соҳаи педагогӣ ва 21 корманди маъмуриву техникӣ дар маҷмуъ 45 нафар ба кор таъмин шудаанд.
Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 12 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои хоб, ҳаммом, толорҳои варзишӣ, мусиқӣ, рақс, хореографӣ, рассомӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда, он дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи хештаншиносӣ ва босаводу донишманд гардонидани онҳо ҳидоят намуданд.
Мувофиқи нақшаи генералӣ дар кӯчаи Маҳмадалӣ Қурбонови ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.
Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.
Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири ҳамин сол дар пойтахт 10 кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.
Бинои тозабунёди Маркази ташхису табобат ва таълим дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.
Иншоот дар масоҳати 0,83 гектар замин қомат афрохта, худи бино 3 ҳазору 680 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2023 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи ҷавонӣ” сомон ёфта, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Саҳн ва атрофи бинои Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масоҳати ҳафт ҳазор метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст.
Дар ин иншоот толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ба монанди ташхиси рентгенӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултрасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезиологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.
Ҳуҷраҳои корию санҷишгоҳҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, аз ин баъд барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чашм ҷой дода шудаанд. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати таббӣ расонад.
Дорухонаи гиёҳҳои шифобахш, озмоишгоҳи омода намудани маводи доруворӣ аз рӯйи дорухат, ҳашт синфхонаи дарсӣ барои машғулиятҳои лексионӣ ва ҳуҷраҳои корӣ қисмҳои алоҳидаи иншоот мебошанд.
Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар марказ минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми таҷрибавию амалии факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биологияи донишгоҳ истифода бурда шуда, ба боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии донишҷуён мусоидат менамояд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани ворисони арзандаи Сино дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд.
Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхонаи мазкур доимамалкунда буда, ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин карда мешавад.
Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки 10 – нафарро ташкил медиҳанд, дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ аст.
Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагии ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад.
Таввасути турҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон эмин нигоҳ дошта мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.
https://prezident.tj/