Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ЧОЙХОНАИ МИЛЛӢ, ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲИ МОШИНГАРД АЗ ДАРВОЗАИ ҒАРБӢ ТО МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ЧОЙХОНАИ МИЛЛӢ, ВАРЗИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲИ МОШИНГАРД АЗ ДАРВОЗАИ ҒАРБӢ ТО МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
191

Чоп кардан

3 июн Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони ҲофизиШерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 баанҷом расонда мешавад.

То ин вақт80 фоизи корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисмиболои иншоот ба итмом расидааст.

 Роҳбаридавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо нахуст аз толори асосии бино, ки тибқи лоиҳа бо шаклу унсурҳои миллӣ оро меёбад, дидан намуданд.

Тибқимаълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабулимеҳмонони хос иборат мебошад.

Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудааст ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат боядба анҷом расад.

Дар дигар қисмииншоот наздики 300 коргар, ки аксари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, машғули корҳои гуногуни сохтмонӣ ҳастанд.

Пас аз мавриди истифода қарордодани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мегарданд.

Дар маҷмуъмувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

   

ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Иншоотимуҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфронсохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовармешавем, ки 15 марти соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ дар пойтахт оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуда буданд.

Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ,кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ,гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад.

Дардоираи муаррифии лоиҳаи иншоотва масолеҳи сохтмонии истифодашаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва мувофиқ ба талаботи стандартӣ бо дарназардошти унсурҳои миллӣ ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.  

Дарварзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ,34 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ,36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Ҳоло аз ҷониби725 нафар мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад.

72дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Бунёдииншооти калони варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеъӣ мегузорад.

Баатрофи Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути насби лавҳаҳои алюминӣ тарҳи замонавӣ бахшида мешавад, ки мавҷҳои обро таҷассум хоҳад намуд. Дар атрофи варзишгоҳ бунёди фаввораҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.

Дармаҷмуъбунёди Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа мувофиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол ҷараён дошта, дар он барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад.

Футболмаҳбубтарин намуди варзиш дар ҷаҳон аст. Дар асоси пешниҳоди Президенти Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ,Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола25 май дар саросари олам ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон фароҳамшавии имкониятро барои ташаккули ин намуди варзиш, мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

     

ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.

Зимнишиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буд.

Паҳноии роҳ50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Шумораимуҳандисону коргарон зиёда аз 200 нафарро ташкил дода, онҳо бо истифода аз 44 техника ва механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ барои босифат ва тибқи нақша сохта, ба истифода додани роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда истодаанд.

Роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут қисмате аз роҳи ҳалқавии атрофи пойтахт буда, барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои асосӣ ва пешгирии тамбашавии нақлиёт дар шаҳр пешбинӣ шудааст.

Баъдиба истифода додани ин қитъаи роҳ, мошинҳое,ки аз водии Ҳисор ба самти шарқу ҷануб мераванд, дигар аз роҳҳои дарунии пойтахт намегузаранд.

Тавреба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар идомаи лоиҳаи роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут бунёди корҳои сохтмонии роҳи дусатҳа низ бо дарозии 67,3 метр, ки аз 4 хати ҳаракат дар ду самт иборат мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Масофаиумумии роҳи мошингард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмуъ 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Марҳилаи якуми роҳ соли 2023 дар масофаи 5 километр ба истифода дода шуда, марҳилаи дуюм ва сеюми он, ки 4,2 километрро ташкил медиҳад, тибқи нақша бояд то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дармаҷмуъ дар масири ҳалқавии бунёдшаванда, ки дарозиаш 18 км аст вадарвозаи ғарбии пойтахтро бо дарвозаи ҷанубии он бе даромадан ба дохили шаҳр мепайвандад, ду пули мошингузар ва як эстакадаи бисёрсатҳа низ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Сарваридавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самаранок аз имконияту шароитҳои мавҷуда, тезонидани корҳои сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мазкур ба муҳандисону роҳсозон дастуру тавсияҳо доданд.

Баҳамин монанд ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ вусъат дорад, ки ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ,таъмини босифати хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон ва муаррифии урфу одат ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад. 

 

https://prezident.tj/