ДАСТРАС НАМУДАНИ БАҒОҶ АЗ ФУРУДГОҲ БА ХОНА Ё МЕҲМОНХОНА

Фурудгоҳи байналмилалии Дубай хизматрасонии интиқоли мустақими бағоҷ ба меҳмонхона ё ба хонаи мусофиронро оғоз намуд, ки хизматрасонии мазкур аз 249 дирҳам оғоз мешавад. Илова бар ин, мусофироне, ки аз Дубай парвоз мекунанд, метавонанд бағоҷи худро супорида, аз қайди фосилавӣ гузаранд. Хизматрасонии мазкур аз ҷониби ширкати “Marhaba” дар ҳамкорӣ бо хадамоти логистикии “DUBZ” пешниҳод гардида, хизматрасониҳои зеринро дар бар мегирад:
“Check-In Anywhere” — хизматрасонии қайд дар ҳама гуна нуқтаҳои мувофиқ. Корманд ба хона, меҳмонхона ё корхонаи муштарӣ ҳозир гардида, чиптаи парвозро қайд намуда, бағоҷро барои интиқоли минбаъда ба фурудгоҳ мебарад.
“Land and Leave” — пас аз фуруд бағоҷи мусофир дар давоми чанд соат ба суроғаи зарурӣ расонида мешавад.
“Baggage Storage and Delivery” — нигоҳдории кӯтоҳмуддат ё дарозмуддати бағоҷ бо имкони интиқоли бехатар ба дилхоҳ нуқтаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар давоми як рӯз. Хизматрасонӣ мазкур махсусан барои мусофирони транзитӣ ва сайёҳон мувофиқ мебошад.
Хизматрасонии мазкур дар сомонаи marhabaservices.com дастрас буда, қабул ва нигоҳ доштани бағоҷ дар нуқтаҳои таъиншуда дар саросари Дубай ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло хизматрасонии мазкур дар баъзе фурудгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои Баҳрайн ва Қатар дастрас аст. Он инчунин аз ҷониби ширкати “Lufthansa” дар фурудгоҳи Франкфурт пешниҳод карда мешавад.