Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
66

Чоп кардан

Бо мақсади дастгирии Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-уми май то 1-уми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” такмили парвози мустақими худро ба Душанбе эълон намуд. Ширкат барои ин парвоз ҳавопаймои Airbus A330-300 (A333)-ро истифода бурда, дар интиқоли намояндагони сатҳи баланд, ки аз кишварҳои гуногун барои ширкат дар конфронс меоянд, саҳми худро мегузорад. Пас аз ин чорабинӣ ширкати парвозро дар масири Истамбул – Душанбе бо ҳавопаймоҳои насли нави Airbus A321 Neo идома медиҳад.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Дубай хизматрасонии интиқоли мустақими бағоҷ ба меҳмонхона ё ба хонаи мусофиронро оғоз намуд, ки хизматрасонии мазкур аз 249 дирҳам оғоз мешавад. Илова бар ин, мусофироне, ки аз Дубай парвоз мекунанд, метавонанд бағоҷи худро супорида, аз қайди фосилавӣ гузаранд. Хизматрасонии мазкур аз ҷониби ширкати “Marhaba” дар ҳамкорӣ бо хадамоти логистикии “DUBZ” пешниҳод карда мешавад. Ҳоло хизматрасонии мазкур дар баъзе фурудгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои Баҳрайн ва Қатар дастрас аст. Он инчунин аз ҷониби ширкати “Lufthansa” дар фурудгоҳи Франкфурт пешниҳод карда мешавад.

***

25-уми майи соли 2025 ҳангоми фуруди ҳавопаймои Boeing 737 MAX 8-и ширкати “Southwest Airlines” ба Денвер, раду барқ боиси қатъ гардидани иртибот бо идораи ҳаракати ҳавоӣ гашт. Хушбахтона ҳавопаймо тавонист дар фурудгоҳ бехатар фуруд ояд. Таъкид ба ёдоварист, ки зарбаҳои раду барқ ба ҳавопаймоҳо ҳолати маъмулӣ мебошад, аммо ҳодисаи мазкур ғайриоддӣ мебошад. Зеро дар ин ҳодиса иртиботи дуҷониба қатъ гардида, дастрасӣ ба маълумотҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ғайримикон гардид.  

***

Таҳиягари таксиҳои ҳавоӣ “Joby Aviation” дар доираи қарордод бо ширкати “Toyota Motor Corporation” 250 миллион доллари ИМА-ро ҷалб намуд, ки ҳамкории мазкур ба ширкати “Toyota Motor Corporation” имкон истифодаи ҳавопаймоҳои Joby-ро медиҳад.

***

24-уми майи соли 2025 дар натиҷаи шамоли шадид ва имконпазирии биниши хуб, ҳавопаймои ширкати “Fly Jinnah”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аз Карочӣ ба Лоҳур парвоз менамуд, ба ҳолати турбулентии шадид рӯбарӯ шуд. Бо мақсади пешгирии суқут, ҳавопаймо ба фурудгоҳи Караҷӣ баргашт. Илова бар ин ҳавопаймои дигар аз Исломобод ба Лоҳур низ ба далели вазъи обу ҳаво ба Карочӣ равона шуд.

***

Бо мақсади роҳандозии парвозҳои мунтазам аз Белград ба Шанхай ширкати “Air Serbia” тавассути фазои ҳавоии Федератсия Россия парвоз менамояд.

***

Ширкатҳои боркашонии “MASkargo”, “Qatar Airways Cargo” ва “IAG Cargo” корхонаи нави боркашонии ҳавоӣ “Global Cargo Joint Business”-ро муаррифӣ намуданд, ки дар айни замон интизори тасдиқи танзимкунанда аст.

***

Ширкати “Air France” парвозҳои бидуни таваққуфро миёни фурудгоҳи Париж ва фурудгоҳи Тел-Авив барқарор намуд.

***

Ширкати “Qantas” то охири соли ҷорӣ васеъ намудани парвозҳоро миёни Австралия ва Зеландияи Нав пешбинӣ менамояд.

***

Ширктаи “China Southern Airlines” 5-умин ҳавопаймои C919-ро ба парки худ дастрас намуд, ки дар масири Шанхай-Гуанчжоу хизмат мерасонад.

***

Ширкати “HK Express Airways” аввалин парвози мустақими худро аз Ҳонконг ба Чанчжоу оғоз намуд, ки хизматрасонии нав дар як ҳафта се маротиба амалӣ мегардад.

***

Ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанубӣ “T'way Air” аввалин хатсайри худро ба Амрикои Шимолӣ, ки Сеул ва Ванкуверро мепайвандад, 12-уми июли соли 2025 оғоз менамояд.

***

(Манбаъ: Аvesta - информационное агентство, Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, China Southern Airlines)