Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҲАШТУМИН ҶАЛАСАИ ICAO ОИД БА СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ

ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ҲАШТУМИН ҶАЛАСАИ ICAO ОИД БА СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ
65

Чоп кардан

Аз 19-ум то 23-юми майи соли 2025 дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон ҷаласаи ҳаштуми Гуруҳи дастгирии хизматраоснии аэронавигатсионӣ – ANS Implementation Support Group “ANSISG/8” аз ҷониби ICAO баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони корхонаҳои таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алҷазоир, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Туркия, Узбекистон, инчунин намояндагони IATA, Eurocontrol ва Дафтари минтақавии ICAO ширкат намуданд.

Ҷаласаи ANSISG/8 як платформаи калидӣ барои ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ҳисоб рафта, дар доираи он ширкаткунандагон масъалаҳои ҷории ҳамоҳангсозии таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ, татбиқи меъёр ва таҷрибаҳои тавсияшудаи ICAO (SARPs) ва модули замонавӣ барои хадамоти аэронавигатсионӣ ASBU ICAO (Aviation System Block Upgrades)-ро баррасӣ намуданд.

Коршиносон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии парвозҳо, таҳлил ва истифодаи системаи ҷаҳонии моҳворавии навигатсионии GNSS мубодилаи афкори намуданд. Ба масъалаҳои ҳолатҳои пешбинӣ нашуда дар раванди ташкил ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки дар шароити рӯзафзуни вазъи авиатсионии байналмилалӣ махсусан муҳим аст, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ширкати мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҷаласаи мазкур барои такмил додани усулҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, самаранокӣ ва эътимоднокӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ заминаи калидӣ мегузорад.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”