Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САБАБҲОИ АСОСИИ ТАЪХИРИ ПАРВОЗҲО

САБАБҲОИ АСОСИИ ТАЪХИРИ ПАРВОЗҲО
57

Чоп кардан

Дар авиатсия сабабҳои зиёд ба таъхир афтодани парвозҳо вуҷуд доранд – баъзан сабабҳои таъхир бо ширкати ҳавопаймоӣ ва баъзан бо ваъзи обу ҳаво вобастагӣ доранд.

Таҳлилҳои Бюрои омори нақлиёт (BTS)-и ИМА нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии таъхири парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин ваъзи шадиди обу ҳаво мебошад, ки 5,2 фоизи дақиқаи таъхирро ташкил дод. Тибқи бюрои мазкур обу ҳавои шадид гуфта “шароити муҳими метеорологӣ (воқеӣ ё пешгӯӣ), ки ба ақидаи интиқолдиҳанда, парвозро ба таъхир мегузорад ё ғайриимкон менамояд, ба мисли “гирдбод, барф ё тӯфон” дар назар дошта мешавад. Илова бар ин дар категорияи системаи миллии авиатсионӣ категорияи дигари шароити обу ҳаво вуҷуд дорад, ки танҳо фаъолияти нақлиёти ҳавоиро суст менамояд, вале ба парвоз халал намерасонад.

Сабаби дигари таъхири парвозҳо ин дер омадани ҳавопаймо мебошад, ки 40 фоизи дақиқаҳои таъхирёфтаро ташкил дод. Агар ҳавопаймо дер аз вақти муқарраргардида фуруд ояд, ин аксар вақт маънои онро дорад, ки парвози навбатӣ низ ба таъхир меафтад.

Ҳодисаҳои вобаста ба бехатарӣ 0,3 фоизи дақиқаҳои таъхирро ташкил дод. Бехатарӣ – яке аз омилҳое мебошад, ки дар таъмини фаъолияти саривақтии ҳавопаймоҳо таъсири назаррас мегузорад. Ба ин, омилҳои зерин ворид мешавад, аз ҷумла эвакуатсияи терминал ё толор, дубора савор шудан ба ҳавопаймо, мушкилии техникӣ ва ғ. 

Хизматрасонии техникӣ ё мушкилии экипаж сабаби дигари таъхири парвоз гардида, 36,4 фоизи дақиқаҳои таъхирро ташкил дод. Мушкилиҳои техникӣ метавонад мушкилӣ дар чархҳои ҳавопаймо, ё мушкилии фаннӣ марбут ба муҳаррикҳо ё системаҳои дигарро дар бар гиранд. Ҳатто гармии муҳаррики ҳавопаймо метавонад боиси таъхири парвоз гардад.

Тоза намудани ҳавопаймо, ки аз 15 дақиқа то як соат вақт дар иҷрои он сарф мегардад, ба сабаби дигари таъхири парвоз маҳсуб меёбад. Баъди ҳар як парвоз тоза намудани ҳавопаймо раванди маъмулӣ мебошад. Тибқи сохти ҳавопаймо барои тоза намудани он вақти муайян сарф мегардад. Тозакунӣ аксар вақт тибқи шартнома анҷом дода мешавад ва агар пудратчӣ онро сари вақт анҷом надиҳад, парвоз метавонад ба таъхир афтад. Дар ин раванд ёдовар бояд шуд, ки се намуди тозакунии ҳавопаймо мавҷуд аст, аз ҷумла тозакунии тибқи баст, тозакунии шабона ва тозакунии пурра. Барои тозакунии баст вақти кам сарфа мегардад, зеро ширкати ҳавопаймоӣ парвози гурӯҳи навбатии мусофиронро ҳарчи зудтар ба нақша мегирад. Тозакунии шабона вақти зиёдтар мегирад. Тозакунии пурра давра ба давра гузаронида мешавад, ки бо истифодаи таҷҳизоти махсус амалӣ мегардад.

Интиқоли бағоҷ ба ҳавопаймо метавонад сабаби ба таъхир афтодани парвоз гардад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои анҷом додани ин амал ҷавобгар нестанд, аммо барои ин раванд масъул мебошанд. Тибқи таҳлилҳо ин раванд баъзан ба таъхири парвоз таъсир мерасонад.

Сабаби дигари таъхири парвоз ин раванди таъмини сӯзишворӣ мебошад. Дар ин ҳолат низ вақти сарфа гардида аз навъи ҳавопаймо вобастагӣ дорад. Маъмулан барои таъмини сӯзишворӣ 12 дақиқа сарф мешавад.

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби мусофирон сабаби дигари таъхири парвоз мебошад. Солҳои охир “афзоиши нигароникунандаи ҳодисаҳои мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо рафтори таҳдидомез ё хашмгинӣ” парвозҳоро халалдор менамоянд. Илова бар ин, ҳангоми парвоз риоя нагардидани дастурҳои бехатарӣ, ба монанди пӯшидани тасмаҳои бехатарӣ ё кашидани тамоку ҳам парвозҳоро ба таъхир мегузорад. Баъзан чунин ҳолатҳо боиси таҳдид ба экипаж ё мусофирон анҷом меёбад.

Новобаста ба сабабҳои гуногун, ки боиси таъхири парвозҳо мегарданд, ширкатҳои ҳавопаймои дар чунин ҳолатҳо ба мусофирон паёмак ё огоҳинома ирсол намуда, баъзан ба онҳо об, хӯрок ва ҷои зист пешниҳод менамоянд.