ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

18-уми майи соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар баробари кормандони соҳаҳи гуногуни кишвар, кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар ин чорабинии варзиши ширкати фаъол намуданд.
Дар ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа — таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Маҷмааи варзишӣ-тансиҳатӣ бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамояд, ки кормандон бо варзиш машғул мешаванд.