Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

80 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ХАДАМОТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ МУБОРАК!

80 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ХАДАМОТИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ МУБОРАК!
97

Чоп кардан

Бахшида ба 80-умин солгарди таъсисёбии Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки роҳбарият, мутахассисон ва собиқадорони соҳа чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар суханронии ибтидои муовини аввали директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд. Дар баромади худ ширкаткунандагон аз таърихи таъсисёбии хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар кишвар ёдовар шуда, оид ба дастовардҳои кунунии соҳа суханронӣ намуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки идораи ҳаракати ҳавоӣ яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти авиатсионӣ ба шумор меравад. Он системае мебошад, ки ҳаракати бехатар ва самаранокии ҳавопаймоҳоро дар фазо таъмин менамояд. Раванди мазкур фаъолияти гуногунро дар бар гирифта, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ҳамоҳангсозии иртибот миёни сарнишинон ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, инчунин идоракунии амалиётҳоро дар фурудгоҳҳо таъмин менамояд. Фаъолияти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми май соли 1945 оғоз гардида, ҳамчун “Хадамоти идораи ҳаракати ҳавой” номида шуд. Дар аввал дар хадамоти мазкур аскарони ҳарбии аз фронт ба ватан баргашта фаъолият менамуданд. Дар он давра Маркази танзимгарии ҳаракати ҳавоӣ дар қисми болоии бинои фурудгоҳи пойтахт, дар шуъбаи тиббӣ воқеъ буд. Дар он вақт алоқа бо ҳавопаймо тавассути телефон ва мавҷи кӯтоҳ сурат мегирифт.

Дар натиҷаи рушди босуръати авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти мазкур ба Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ табдил ёфта, имрӯз яке аз муосиртарин маркази таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ раёсати мазкур таҷдид ёфта, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардид. Маҳз, таҳти ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” имрӯз дорои манораи муназзимии муосир, утоқҳои корӣ ва Маркази таълимии аэронавигатсионӣ буда, барои такмили малака ва дониши касбии мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.

Таъмин гардидани шароити зарурии аэронавигатсионӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Раёсати идоракунии ҳаракати ҳавоии корхона, барои таҷдиди таҷҳизотҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, навсозии таҷҳизотҳои марказҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва марказҳои танзимигарони ҳаракати ҳавоии филиалҳои корхона дар фурудгоҳҳои кишвар, ташкили Хадамоти иттилоотии азронавигатсионӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ заминаи мукаммал гузошт.

Ҳатто таҷҳизоти мукаммалтарин ва замонавии аэронавигатсионӣ бе мутахассис фаъолият карда наметавонад, зеро ҳамаи маълумот дар ин таҷҳизотҳо аз ҷониби мутахассис ворид шудааст. Аз ин лиҳоз бо мақсади омода намудани мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ – танзимгарон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо диққати зарурӣ равона гардид. Бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” танзимгарони раёсат дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷопон, Сингапур, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо такмили ихтисос менамоянд. Ҳамзамон, таъсиси Маркази таълимии авиатсионӣ дар раванди бозомӯзӣ ва такмили дониши танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ нақши калидӣ мебозад.

Имрӯз, ки Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 80 – солагии худро таҷлил менамояд, бояд зикр намуд, ки раёсат дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 43 масир хизматрасонии худро пешниҳод менамояд. Дар баробари таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ Раёсат бо марказҳои идоракунии ҳаракати ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Аврупо ва дигар минтақаҳо ҳамкории судмандро роҳандозӣ намудааст. Ифтитоҳи яке аз масирҳои ҷадид дар солҳои охир бо Ҷумҳурии Мардумии Чин далели ин гуфтаҳост. Аъзо гардидани КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба ташкилот ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии соҳавӣ, аз ҷумла CANSO, SOCEA тасдиқи он мебошад, ки сифати хизматрасонии аэронавигатсионии корхона мутобиқи талаботҳои ICAO ба роҳ монда шудааст.

Дар фарҷом ба собиқадорони соҳа намоиши таҷҳизотҳои муосири муҷаҳҳазгардидаро рӯнамоӣ намуда, бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи собиқадорони соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, танзимгарони ҳаракати ҳавоиро бо ин санаи таърихи табрик намуда, ба онҳо саломатии комил ва осмони софу беғубор орзумандем.

   
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”