ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Бо даъвати роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми моҳи майи соли 2025 дар Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Арзёбии таҳдидҳо” ва “Фарҳанги бехатарии авиатсионӣ” аз ҷониби нозирони Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ЕСАС), коршиносони беҳтарин дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ЕСАС аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон баргузор гардида истодааст. Дар семинари мазкур мутахассисони соҳавии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар иштирок менамоянд. Мақсад аз баргузории ин курси омӯзишӣ баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳавӣ ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад. Боис ба тазаккур аст, ки гузаронидани ин чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаштан аз аудити нозирони ICAO мусоидат менамояд. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ мақсад дорад, ки дар баландравии сатҳи малакаи касбӣ ва таъмини бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ чунин чорабиниҳоро бештар намояд.
***
Маркази таълимии бехатарии авиатсионии ICAO, як воҳиди сохтории Фурудгоҳи миллии Минск, як самти нави омӯзишӣ дар соҳаи идоракунии заминии нақлиёти ҳавоиро ифтитоҳ менамояд. Тибқи иттилои фурудгоҳ, 7-уми майи соли 2025 Маркази таълимӣ аз ҷониби комиссияи Раёсати авиатсияи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия аз санҷиши сертификатсионӣ гузашт, ки мувофиқати талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Беларус ва меъёрҳои Кумитаи байнидавлатии авиатсиониро тасдиқ менамояд.
***
Фурудгоҳи Остона ба маблағи 153 миллиард тенге пурра аз ҳисоби сармоягузори хориҷӣ таҷдид карда мешавад. Тибқи иттилои “Terminals Holding” ширкат тавассути ширкати фаръии худ “Terminals Astana Airport Limited” Созишномаи сармоягузории 25-сола оид ба идоракунии боэътимоди фурудгоҳро имзо намуд, ки тибқи он ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим 153 миллиард тенгеро ташкил дода, дар тӯли 25 сол бидуни истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ то 393 миллиард тенге сармоягузориҳои ғайримустақим ба таври иловагӣ ҷалб карда мешаванд.
***
17-уми майи соли 2025 дар Финландия ду чархболи ғайринизомӣ бархӯрданд, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуд.
***
Ширкати “United Airlines” ифтитоҳи толори тиҷоратии худро дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳонконг пешбинӣ менамояд.
***
Таҳиягари ҳавопаймоҳои барқии вертикалии парвозу фуруд (eVTOL) ширкати “Horizon Aircraft”-и Канада, парвози санҷишии ҳавопаймои X5-ро бо усули гузариши пурраи парвоз бо истифодаи болҳо анҷом дод.
***
Ширкати “Ethiopian Airlines” барои 11 адад ҳавопаймои Boeing 787-9 муҳаррики “GE Aerospace GEnx-1B”-ро интихоб намуд.
***
13-уми майи соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” аввалин хизматрасонии таъмири ҳавопаймои A330-ро барои ширкати “Serene Air”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон анҷом дод, ки ин аввалин лоиҳаи байналмилалии Хизматрасонии техникӣ ва таъмир (MRO) дар шимолу шарқи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
***
Аз моҳи июни соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” парвозҳои мустақимро аз Урумчӣ ба Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон афзоиш медиҳад.
***
Аз моҳи сентябри соли 2025 ширкати “Icelandair” илова ба парвозҳои қаблан эълоншуда ба Истанбул ва Майами, парвозро ба Эдинбург, Шотландия ва Малагаи Испания роҳандозӣ менамояд.
***
Ширкати нави ҳавопаймоии Британияи Кабир “Global Airlines” аввалин парвози мусофирбарии худро аз Глазгои Шотландия ба фурудгоҳи Кеннеди Ню Йорк анҷом дод.
***
Ширкати “Air Canada” парвози нави мустақимро аз Монреал ба Неаполи Италия оғоз менамояд.
***
14 майи соли 2025 ширкати “Air Astana” парвози мустақимро аз Остона ба Дананг оғоз намуд, ки парвозҳо дар як ҳафта 2 маротиба амалӣ мегардад.
***
(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)