ПРОТОТИПИ АВВАЛИН “ҲАВОПАЙМО” БО ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ намунаи аввалин ҳавопаймои бесарнишинро таҳти унвони “Кенгуру” таҳия намуданд, ки метавонад ҳавопаймоҳои хурдро дар масофаи то 80 километр интиқол дода, қодир аст, ки аз панелҳои офтобӣ қувва гирад. Дар ин хусус иттилоъ медиҳад “Aviation Explorer” бо истинод ба донишгоҳи мазкур. Ҳамзамон ҳавопаймои бесарнишин метавонад барои омӯхтани Арктика ва посбонии ҷангалзорҳо истифода гардад.
“Прототипи мо дронҳои хурдро ба ҷои таъиншуда интиқол медиҳад. Дастгоҳ метавонад тавассути батареяҳои офтобӣ қувва гирфта, ба таври худкор ба пойгоҳи баргардад. Ҳоло намунаи озмоишӣ бо панелҳои офтобӣ барои фаъолият дар Арктика омода гардида истодааст, - иттилоъ дод олими донишгоҳ.
Фуруди дрон дар ҳаво ё ҳангоми парвоз имконпазир аст. Дастгоҳ тавоноии интиқоли борҳои зарурӣ ё дронҳои хурди то 2 кг доро буда, ҳадди ниҳоии интиқоли бор 80 км мебошад.