БАРРАСИИ ИФТИТОҲИ ПАРВОЗҲО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ-ПЕКИН ВА ДУШАНБЕ-СИАН

13 май Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин — Дуан Сяофенг, Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ — Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин — Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин — Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии “China Southern Air Holding Company Ltd.” – Хуан Гофан мулоқот намуд. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Агентии авиатсияи гражданӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Сиян –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муассир мегузорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохӯриҳои судмандро ба нақша гирифтааст.