Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
221

Чоп кардан

13-уми майи соли 2025 дар изҳороти худ Ассотсиатсияи ширкатҳои ҳавопаймоии Осиё ва Уқёнуси Ором (AAPA) ҳушдор дод, ки афзоиши номуайянии иқтисодӣ, талошҳо барои ҳалли масъалаҳои занҷираи таъминотро “минбаъд мушкилтар” хоҳад намуд. Ҷорӣ намудани тарифҳои нав ва чораҳои ҷавобӣ ба афзоиши минбаъдаи хароҷот ва коҳиши истеҳсолот, ба хароҷот ва таъхирҳо таҳдид намуда, дар натиҷа ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва муштариён таъсири худро мерасонад. Аз ин лиҳоз аз ҳукуматҳо ва таҳвилкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки “бояд кӯшишҳоро барои ҳалли мушкилӣ афзоиш диҳанд”.

***

12-уми майи соли 2025 фазои ҳавоии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои парвозҳои тиҷоратӣ комилан боз шуда, 32 фурудгоҳ дар шимол ва ғарби кишвар фаъолияти худро барқарор намуданд.

***

Ҳавопаймои бесарнишини “Сварог” барои хомӯш намудани сӯхтор дар баландии биноҳои 20 ошёна бо борбардории аз 14 ва то 30 кг озмоиш хоҳад шуд. Озмоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Федератсияи Россия роҳандозӣ мегардад.

***

1-уми майи соли 2025 Вазорати савдои ИМА (DOC) санҷиши воридоти ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳои тиҷоратӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳои реактивиро оғоз намуд. Ҳадафи санҷиши мазкур муайян намудани он ки оё чунин воридот аз кишварҳои дигар ба амнияти миллии ИМА таъсир мерасонад ё не. Санҷиши мазкур метавонад боиси боз ҳам баландтар шудани боҷҳои ҳавопаймоҳо, муҳаррикҳо ва ҷузъҳои марбут ба воридот гардад.

***

2-юми майи соли 2025 мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Туркия дастурамалӣ навро ба тавсиб расонид, ки тибқи он агар мусофирони ҳавопаймоҳо ҳангоми фуруд қабл аз гирифтани иҷозат аз экипаж аз ҷой бархезанд, ҷаримаи маъмурӣ ҷорӣ мегардад. Тағйирот инчунин аз ҳайати экипаж талаб мекунад, ки ба мусофирон огоҳии махсус диҳад, то онҳо то хомӯш шудани чароғи огоҳкунандаи тасмаи бехатарӣ аз ҷойи худ набароянд. Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” аллакай роҳбаладони худро оиди ин тағйирот огоҳ намуд.

***

Дар ҳисоботи соли 2024 Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ такрор гардидани садамаҳои ҳавоӣ ва иҷро нагардидани тавсияҳои муфаттишонро таъкид намуд. Тибқи ҳисобот, тақрибан 75 дарсади рӯйдодҳои соли гузашта ба омили инсонӣ марбут аст. Бо дарназардошти ин омил, ба кишварҳои аъзо тавсия дода шуд, ки барномаҳои ҳамаҷонибаи мақсаднокро оид ба тамоми ҷанбаҳои таъсири омили инсонӣ ба бехатарии парвозҳо таҳия намоянд. Илова бар ин, бояд ба тахассуси ҳайати ҳавопаймоҳо ва такмили мунтазами сатҳи омодагии онҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.

***

9-уми майи соли равон ширкати “Turkish Airlines” парвозҳоро аз Анталия ба Москва барқарор намуд.

***

Дар робита ба маҳдудиятҳои муваққатии истифодаи фазои ҳавоӣ дар минтақаи сарҳадии Покистону Ҳиндустон, ширкати “Uzbekistan Airways” оиди ислоҳи маҷбурӣ ба ҷадвали парвозҳо, аз ҷумла муваққатан боздоштани баъзе парвозҳо иттилоъ дод.

***

Намояндаи махсуси Никарагуа бо ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия, аз ҷумла “Аэрофлот”, “Россия”, “Nordwind”, имкони роҳандозии парвозҳои мустақимро баррасӣ намуд.

***

Ширкати “Red Wings” парвози аввалини худро аз Тотористон ба Ветнам бомуваффақият анҷом дод.

***

Ширкати “United Airlines” ҳавопаймоҳои худро бо “Starlink WiFi” насб менамояд.

***

Пас аз насби система ва таҷҳизотҳои дар Федератсияи Россия истеҳсолгардида, ширкати “United Aircraft” бо мақсади озмоиш, ҳавопаймои тағйирёфтаи Яковлев МС-21-ро ба фурудгоҳи Жуковскийи Москва интиқол дод.

***

Ширкати “Elbe Flugzeugwerke GmbH (EFW)”, ки бо табдилдиҳии ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашонӣ машғул мебошад, аз 30 адад ҳавопаймо аввалин ҳавопаймои боркашонии худ Airbus A330P2F-ро ба ширкати “Air Transport Services Group, Inc.” (ATSG) таҳвил дод.

***

Ширкати “Emerald Airlines” 2 адад ҳавопаймои  минтақавии ATR 72-600-ро аз ширкати “ACIA Aero Leasing” дастрас намуда, шумораи умумии ҳавопаймоҳои худро ба 20 адад расонид.

***

Дар натиҷаи афзоиши парвозҳои байналмилалӣ ширкати “Аэрофлот” парвозҳои дохилиро коҳиш медиҳад.

***

Фурудгоҳи Байналмилалии Митигаи Либия, фаъолияти худро муваққатан лағв намуд, ки парвозҳо ба фурудгоҳи Мисрата равона карда шуданд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/, Uzbekistan Airways)